Маълумоти охирин
Главная / Гуногун / АБУСАИДИ АБУЛХАЙР

АБУСАИДИ АБУЛХАЙР

АБУСАИДИ АБУЛХАЙР Фазлуллоҳ ибни Абулхайри Маҳнаӣ (967, Маҳнаи Хуросон – 1049, ҳамон ҷо), мутафаккир ва яке аз шайхони бо­нуфузи тасаввуф. Назди падараш, ки соҳибмаълумот будааст, хату савод бароварда дар мадрасаҳои Хева таҳсилро идома додааст. Абусаиди Абулхайр аз мутасаввифони пайрави мактаби сукр будааст ва дар ривоҷу равнақи тасаввуфи Хуросон хизмати арзишманд анҷом додааст. Дар ташаккули таълимоти рӯхонии Абусаиди Абулхайр дар баробари дигар шайхони замонаш нақши муршидони ҳамондавраи Хуросон шайх Абулфазли Сарахсӣ, Аблқосим Башри Ёсин ва Абулаббоси Қассоб хеле бузург аст.

Ӯ ғолибан ба ақидаҳои ахлоқии тасаввуф таваҷҷӯҳ намуда ин равияи тасаввуфро бештар ривоҷ до­дааст. Асари асосии Абусаиди Абулхайр «Асрор – ут- тавҳид фӣ мақомот- иш- шайх Абуса- ид» мебошад, ки наберааш Нуриддин Муҳаммад ибни Мунаввар тартиб додааст ва он ягона манбаи омӯзиши осор ва афкори ӯ мебошад. Ба андешаи Абусаиди Абулхайр камоли маънавии инсон ба воситаи даст кашидан аз худбинӣ ва таҳаммул аз хурофотпарастӣ муяссар мешавад. Худпарастӣ ва худбинӣ садду ҳиҷоби асосӣ дар роҳи маърифати ҳақиҳӣ мебошанд. Абусаиди Абулхайр гуфта- аст: «Ҳиҷоб замину осмом нест, аршу курсӣ нест, пиндошт ва «манй»-и ту ҳиҷоб аст.

Чун аз миён баргирӣ, ба худованд расидӣ». Ба ақидаи ӯ як моҳияти ҳақиқӣ (Худо) вуҷуд дорад. Мақсади асосии инсон ба тавассути касби камол ба асли худ расидан аст. Худшиносии ориф барои камо­ли маънавӣ сабаб мегардад ва инсон мабдаъ ва моҳияти худро дарк кар­да, барои ба асли хеш расидан кӯшиш менамояд. Дар ин рох дину мазҳабҳо ва куфру имон нақши муҳим надоранд, зеро ягонагии ҳақиқати азалиро бо мазҳабҳои мухталиф наметавон ба даст овард. Танҳо аз «худ» берун шудан, яъне камоли ахлоқӣ ҳосил кардан ба сарманзили мақсад хоҳад бурд:

Дар роҳи ягонагӣ на куфр асту на дин,

Як гом зи худ бурун неҳу роҳ бубин.

Абусаиди Абулхайр  чандин марҳалаҳои сулукро барои орифон зикр кардааст. Вале ин марҳалаҳо дар «Асрор-ул-тавҳид…» пайдарҳаму муназзам намебошанд. Бино ба маълумоти манбаву маъҳазҳои адабӣ ӯ шахси донишманди соҳаи адаб ва дар ҷодаи шеъру шоирӣ тавоно будааст. Дар ривоҷу равнақи жанри адабии рубоӣ хидмати бешоиба кардааст. Ӯ дар рубоиёти худ дар баробари фикру андешаҳои фалсафӣ – тасаввуфӣ, дӯстӣ, сидку вафо, васфи ишқи пок, некию накӯкорӣ, поквиҷдонӣ, ахлоқи ҳамида, адлу инсоф, илмандӯзӣ ва дигар хислатҳои хуби инсониро васфу тарғиб намуда, аъёну ашрофи мардумозору беинсофро мазаммат кардааст.

Ашъори Абусаиди Абулхайр содаву салис буда, ба эҷодиёти шифоҳии халқ хеле наздик аст. Абусаиди Абулхайр бо Ибни Сино мукотиба доштааст. Афкору андешаҳои Абусаиди Абулхайр ба осори мутафак- кирон Абдулмаҷди Саноӣ, Фаридуддини Аттор, Ҷалолиддини Румӣ таъсири бузург гузоштааст ва онҳо ӯро ба некӣ ёд кардаанд.

Адабиёт: Муҳаммад Мунаввар. Асрор ут-тавҳид фӣ мақолот»-иш-шайх Абусанд, Т., 1953; Муҳаммадхоҷаев А. Мировоззрение Фаридиддина Аттора. Душанбе, 1974; К. Олимов. Харасанский суфизм, Душанбе, 1993. К. Олимов. Баррасиҳо дар тасаввуф, Душанбе, 1998; О л и м о в К. Абусанд Абулхайр ва мақоми ӯ дар афкори иҷтимоӣ ва ирфонии халқи тоҷик. Маҷмӯи Ахбори Академияи Илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон, Шӯъбаи илмҳои ҷамъиятшиносӣ. 2008, №1.

К. Олимов, А. Муҳаммадхоҷаев.

Инчунин кобед

safol

САФОЛ

САФОЛ, маснуот ва ашёест, ки дар натиҷаи ба ҳам омехтани гилмоя, хамираи минералҳо, оксидҳо ва …