Маълумоти охирин
Главная / Без рубрики / ТРЕМАТОДОЗҲО

ТРЕМАТОДОЗҲО

ТРЕМАТОДОЗҲО, гелминтозҳои одам ва ҳайвонот, ки трематодаҳо ба вуҷуд меоранд. Барангезандаи трематодозҳо дар ҷигар, ғадуди зери меъда рӯда, шуш ва хуни одам паразити мекунанд. Трематодозҳо ба одам асосан ба воситаи об, хӯрок ва дасти ифлос сироят мекунанд.

trematodozho

Ҳангоми шистосома гоз кирминаи паразит аз пӯст ба даруни бадан медарояд. Описторхоз бештар дар Сибири Ғарбӣ, парагонимоз ва метагонимоз дар Шарқи Дур ва шистосоматоз дар мамлакатҳои тропикӣ вомехӯранд. Пешгирӣ: муҳофизати муҳит аз ифлосшавӣ, риоя кардани гигиенаи шахсӣ, худдорӣ намудан аз истеъмоли моҳӣ, харчангҳои нимхом.

Инчунин кобед

tasbeh

ТАСБЕҲ

ТАСБЕҲ, субҳа (арабӣ—субҳоналлоҳ гуфтан, худоро ёд кардан), як шадда мӯҳраҳоро гӯянд, ки шахси тасбеҳгардон адади …