Объективизм, усули омӯзиши воқеият, ки даъвои «бетарафӣ» дорад ва худдорӣ кардан аз муҳокимаи илмию танқидӣ дар бораи мақому мақсади масъалаҳои аҳамияти идеологӣ дошта, махсусан хулосаҳои назариявӣ ва партиявӣ (нигаред Партиявият) модияти он аст. Объективизм даъвои объективияти донишро дошта бошад ҳам, дар асл донишро на танҳо маҳдуду танг месозад, балки доираи …
Муфассал »Няя
Няя (савскр., айнан — қонун, қоида, умуман мантиқ), яке аз равияҳои фалсафаи Ҳинди Қадим. Дар таълимоти Няя мантиқ ва гносеология мавқеи калон доштааст. Пайдошни Няя бо номи ҳакими афсонавӣ Готама вобаста аст. Мувофиқи таълимоти Няя таркиби олами моддиро атомҳо ташкил медиҳанд ва омезиши онҳо боиси ташаккули ҳамаи предметҳо мегардад. Ғайр …
Муфассал »Нуқтавия
Нуқтавия (ар. — аз нукта ҷараёни динии бидъатиест, ки соли 1398 дар Эрон аз тарафи Маҳмуди Пасехонӣ (Гелонӣ) таъсис шудааст. Маҳмуди Пасехонӣ пайдоиш ва зухури ҳама чизро аз як нуқта (хок) медонист ва пайравони ӯ бо номи аҳли Нуқтавия маъмул гаштанд. Аҳли Нуқтавия ба таносух бовар доранд. Ба ақидаи онҳо …
Муфассал »Нуқс ва камол
Нуқс ва камол (саҳеҳтараш нақс — айб, камбудӣ, костӣ, норасоӣ ва пуррагӣ, томӣ, фазилат), мафҳумҳои фалсафианд, ки ҳолату хусусият, кайфияту вазъияти мухолифи одамиро ифода мекунанд. Дар Нуқс ва камол ғолибан зина- ҳои таҳаввулоту такомулоти маънавию ҷисмонӣ ва ахлоқӣ инъикос мешаванд. Мафҳумҳои Нуқс ва камол дар равияю таълимотҳои мухталифи фалсафию ахлоқӣ …
Муфассал »Нусайрия
Нусайрия (ар. Чл — аз исм асосгузораш Нусайр), яке аз фирқаҳои равияи шиа, ки ба исмоилия наздик аст. Пайравони Нусайрияро ансориҳо ё алавиён низ мегӯянд. Нигаред низ Алавия.
Муфассал »Нус
Нус яке аз категорияҳои асосии фалсафаи атиқаро гӯянд, ки маҷмӯи қонуниятҳои маънавӣ, ақлӣ ва фикрии дар кайҳон ва инсон ҳукмронро дарбар мегирад. Демокрит Нусро оташи курашакл медонист. Мафҳуми Нус дар фалсафаи Анаксагор хеле равшан ифода ёфтааст. Ӯ Нусро оламе медонист, ки материяи бешаклро ба шаклу тартиб оварад. Таълимоти идеалистии Нусро …
Муфассал »Нубувват
Нубувват (пайғамбарӣ), таълимоти динист, ки бар хилофи пешбини илмӣ, гӯё дар асоси ваҳй ё каромот пайдо шуда, ба қувваҳои фавқуттабиа алоқаманд аст. Мӯътақидон ақида доранд, ки иродаи худо сабаби ҳодисаҳо ва оқибати онҳост тақдири одамон ба ҳамин ирода вобаста аст. Аз ин рӯ, шахсҳо бояд ба пайғамбарону авлиётҳо бовар кунанд …
Муфассал »Ноумен
Ноумен (аз юн. noumenon — даотрас), истилоҳест, ки дар фалсафаи асрҳои миёнаи Ғapб ва давраи Эҳё васеъ ястифода шуда, бар хилофи феномен чизи ба воситаи ақл шинохташавандаро ифода мекард. Дар фалсафаи И. Кант муродифи «чизи дар худ» аст. Ноуменро баъди Кант як қатор файласуфони буржуазия идеалист истифода бурдаанд.
Муфассал »Носут
Носут (ар. Oj-U — олами ҷисмонӣ; зулмони, инсонӣ), истилоҳест дар фалсафаи асримиёнагӣ (бештар дар тасаввуф), ки олами ҷисмонӣ ва дорои замону маконро (ба муқобили лоҳут) ифода менамояд. Гӯё олами Носут аз олами лоҳут вобаста буда, қавну фасод хоси он мебошад. Раҳнамоӣ олами Носут ақли фалакӣ буда, ба воситаи он олами …
Муфассал »Номинализм
Номинализм (лот. nominalis — мансуб ба номҳо, номдор, аз nomen— ном), ҷараёни фалсафаи асримиёнагӣ, ки мафҳумҳои умумиро фақат маҳсули номи предметҳои алоҳида медонист. Номинализм таърихи қадим дорад. Антисфен ва Диогени Синопӣ ҳамчун мухолифони Афлотун намояндагони Номинализм буданд. Дар ибтидои асрҳои миёна Номинализм чун эътироз бар зидди минтиқаи маънавии навафлотуния пайдо …
Муфассал »