Маълумоти охирин

СИКХИЗМ

СИКХИЗМ (аз санскрит сикх-шогирд), мазҳабест дар индуия, ки баъзан ҳамчун дини мустақил амал карда, асосан дар Панҷоб интишоор ёфтааст. Асосгузори он гуру (мураббӣ) Нанак (1469—1539). Сикхизм таълимоти монотеистӣ буда, аз тасаввуф низ истифода бурдааст. Сикхизм яккахудоиро талқин намуда ба тақсимоин кастагӣ муқобил мебарояд, баробарии сикхҳоро дар назди худо эътироф мекунад ва маросимҳои динӣ, зӯҳду гӯшанишиниро инкор менамояд. Аксар пайравони Синкхизм тоҷирон, ҳунармандон ва деҳқонон буданд. Барои фирқаҳои Синкхизм интизоми қатъӣ, итоати бечунучаро ба мураббӣ (гуру) хос аст. Мураббӣ (гуру)-и 3-юм Амур Дас (1552—74) ҳокимияти гуруро меросӣ эълон кард. Гуруи 5-ум Арҷуна (1581—1606) китоби муқаддаси СИКХҲ0 Адигрантҳоро тартиб дод. Маркази динии Синкхизм шаҳри Амритсар мебошад. Гуруи 10-ум Говинд Сингх (1675—1708) баъзе ислоҳотҳо гузаронда Синкхизмро ҷамоаи баробарон ва маҷлиси онро органи олии сикхҳо эълон кард. Анъанаи меросгирии ҳокимият бекор карда шуд. Дар асри 18 давлати сикхҳо барпо гардид, соли 1849 англисҳо баъди ду ҷанги шадид давлати сикхҳоро ба зери тасарруф дароварданд. Синкхҳои муосир динест, ки аҳкоми анъанавӣ дорад; 1,8% аҳолии Ҳиндустон аз ҷумлаи пайравони онанд.

                                                                          П. И. Филатова.

Инчунин кобед

book-1

САФИНА

САФИНА (арабӣ — киштӣ), 1) воситаи нақлиёти обӣ. Ба ин маънӣ Манучеҳрии Домғонӣ-мегӯяд: Аспи ман …