Маълумоти охирин

ХАШХОШ

ХАШХОШ, кӯкнор (Рагаraver somniferum) як навъ гиёҳ, ки хусусияти нашъабахшӣ ва хобоварӣ дорад, аз тухмаш равған мекашанд ва аз ширааш тарёк мегиранд; мувофиқи таснифоти ботаникӣ растании яксолаву заҳрнокест мансуби оилаи хашхошиҳо. Пояаш рост (то 150 см қад мекашад), сербарг. Гулаш Хашхош ва ғӯзаи он калони қадаҳшакли хушранг сафед, гулоби, сурх, бунафш), 4-барга. Ғӯзаи хашхош калон (диаметраш 2—5 см, дарозиаш 2—7см), сертухм аст. Тухми кӯкнор, ки «хашхош» мегӯянд, хеле майда (вазни 1000-тоаш 0,24—0,6 г) ва гуногунранг (сафед, хокистарранг, сиёҳтоб, ҷигари, зардча, кабудтоб) мебошад. Якто ғӯза аз 80 то 2000 (3—5 г) тухм дорад.

pixabay1_d_850
Xашхош гиёҳи қадимист. Ҳангоми ҳафриёти археологӣ тухми онро, ки ба асри санг тааллуқ дорад, дарёфт кардаанд.
Шираи хашхош ва алкалоидҳои онро барои тайёр кардани анвои доруҳо истифода мебаранд. Доруҳои пектол, нерегорик, омнопон, кодеин кодтерпин, котермопс, фосфати коденн, гидрохлориди папаверин, гидрохлориди морфии ва ғайра аз қабили онҳоанд. Доруҳои алкалоидии хашхош— морфии, омнолон (пантопонро чун давои мусаккин ва бартарафкунандаи ҳисси дард (алалхусус баъди ҷарроҳӣ), папаверин, баъзан нарцеинро барои рафъи галаёни хун (гипертония), зиққи дил, халаи рӯда ва ғайра, кодеинро ҳангоми сулфа истифода мебаранд.
Xашхош чун гиёҳи ғизоӣ низ аҳамият дорад. Дар СССР фақат навъҳои равғандори хашхошро (37 ҳазор га) мекоранд. Тухми хашхош баъди пухтан тамоман безарар аст. Онро дар қаннодӣ, нонпазӣ, консервонӣ, атриёт, истоҳсоли рангу лок ва ғайра истифода мебаранд. Тухми он 46—55% равған, то 20% сафеда, қариб 20% ангиштоб ва ғайра дорад. Равғани хашхош хуштаъм, сергизо ва хушҳазм аст.
Аз пӯсти ғӯза ҳар гуна алкалоид (морфин, папаверин ва ғайра) мегиранд. Кунҷораи хашхош хӯроки серғизои (то 36% сафеда ва 12% равған дорад) чорвост.
Адабиёт: Идиева С., Лекарственные культуры, София, 1971; Гаммерман А. Ф. 1ва дигарон1. Лекарствснныс растения, М., 1975: Вехов В. Н. ва дигар. Культурные растсния СССР, Москва, 1978.
М. Хоҷиматов.

Инчунин кобед

saba

САЪБА

САЪБА, номи ду намуди паррандаест аз қатори гунҷишкҳо. Дарозии танаш 12 сантиметр, қисми пеши сараш …