Маълумоти охирин

ХАШХОШ

ХАШХОШ, кукнор (Рагаraver somniferum) як навъ гиёх, ки хусусияти нашъабахши ва хобовари дорад, аз тухмаш равган мекашанд ва аз ширааш тарёк мегиранд; мувофики таснифоти ботаники растании яксолаву захрнокест мансуби оилаи хашхошихо. Пояаш рост (то 150 см кад мекашад), сербарг. Гулаш Хашхош ва гузаи он калони кадахшакли хушранг сафед, гулоби, сурх, бунафш), 4-барга. Гузаи хашхош калон (диаметраш 2—5 см, дарозиаш 2—7см), сертухм аст. Тухми кукнор, ки «хашхош» мегуянд, хеле майда (вазни 1000-тоаш 0,24—0,6 г) ва гуногунранг (сафед, хокистарранг, сиёхтоб, чигари, зардча, кабудтоб) мебошад. Якто гуза аз 80 то 2000 (3—5 г) тухм дорад.

pixabay1_d_850
Xашхош гиёхи кадимист. Хангоми хафриёти археологи тухми онро, ки ба асри санг тааллук дорад, дарёфт кардаанд.
Шираи хашхош ва алкалоидхои онро барои тайёр кардани анвои дорухо истифода мебаранд. Дорухои пектол, нерегорик, омнопон, кодеин кодтерпин, котермопс, фосфати коденн, гидрохлориди папаверин, гидрохлориди морфии ва гайра аз кабили онхоанд. Дорухои алкалоидии хашхош— морфии, омнолон (пантопонро чун давои мусаккин ва бартарафкунандаи хисси дард (алалхусус баъди чаррохи), папаверин, баъзан нарцеинро барои рафъи галаёни хун (гипертония), зикки дил, халаи руда ва гайра, кодеинро хангоми сулфа истифода мебаранд.
Xашхош чун гиёхи гизои низ ахамият дорад. Дар СССР факат навъхои равгандори хашхошро (37 хазор га) мекоранд. Тухми хашхош баъди пухтан тамоман безарар аст. Онро дар канноди, нонпази, консервони, атриёт, истохсоли рангу лок ва гайра истифода мебаранд. Тухми он 46—55% равган, то 20% сафеда, кариб 20% ангиштоб ва гайра дорад. Равгани хашхош хуштаъм, сергизо ва хушхазм аст.
Аз пусти гуза хар гуна алкалоид (морфин, папаверин ва гайра) мегиранд. Кунчораи хашхош хуроки сергизои (то 36% сафеда ва 12% равган дорад) чорвост.
Адабиёт: Идиева С., Лекарственные культуры, София, 1971; Гаммерман А. Ф. 1ва дигарон1. Лекарствснныс растения, М., 1975: Вехов В. Н. ва дигар. Культурные растсния СССР, Москва, 1978.
М. Хочиматов.

Инчунин кобед

safedaho

САФЕДАХО

САФЕДАХО, протеинхо, моддахои органикии калонмолекулаи табииеро гуинд, ки аз аминокислотахо таркиб ёфта дар сохту фаъолияти …