Маълумоти охирин
Главная / Маданият ва санъат / Низомии Ганчави

Низомии Ганчави

Низомии Ганчави Абумухаммад Илёс ибни Юсуф (1141, шахри Ганча, ххзира Кировободи Озарбойчон — 1209, хамон чо), шоир ва мутафаккири озарбойчони, яке аз устодони мусаллами шеъри форси. Тамоми осорашро ба форси навшитааст. Хонадони Низомии Ганчави аз табакаи миёнаи ахолии шахри Ганча буд. Бармахал аз падар ятим монда, ба тарбияи модараш афтод. Зиндагии Низомии Ганчави баъди сари падар вазнин буд; бо шохибофи руз мегузаронд. У аз илмхои замонаш — фикх, калом, фалсафа, хайат, чугрофия, нучум, риёзиёт, тиб, кимиё бахраманд гардида, аз чавони ба шеъргуи пардохта, дар байни ахли адаб  эътироф пайдо кар­да буд.

Низомии Ганчавии тамоми умр дар Ганча зиста, аз шоирони замон бо Хоконии Шервони дусти дошт. Асари машхури у «Хамса» аз панч маснавии калон иборатаст: «Махзан-ул- асрор»  (1173—1180), «Хисрав ва Ши­рин» (1180—1181), «Лайли ва Мачнун» (хатм 24 сентябри 1188), «Хафт пайкар» (хатм 31 июни 1197), «Искандарнома» (1199—1201), ки ду кисм дорад: «Шарафнома» ва «Икболнома». Аз девони ашъори Низомии Ганчави, ки ба кавли Давлатшохи Самарканди дорои 20 хазор байт будааст. газалхову мукаттаоти пароканда боки мондааст. Маснавии аввалини « Хамса»-и Низомии Ганчави «Махзан-ул-асрор» достони ахлокии фалсафист, ки обуранги суфиёна до­рад. Низомии Ганчави ин достонро хамчун назира ба маснавии «Хадикат-ул-хакика»-и Санои гуфтааст. Вале Низомии Ганчави колаби маъмулии назиранависиро шикаста, маснавии худро дар бахри нав — сареъ навишт (маснавии Са­нои дар бахри хафиф иншо шудааст),  ки пас аз у ин вазн дар достоннависи маъмул гардид. Шоир равиши тоза ва мазмуни нави ин асарро дар аввали маснави махсусан таъкид мекунад. «Махзан-ул-асрор» аз мукаддимаи муфассал ва 20 макола иборат буда, масъалахои мухимми ичятимои, фалсафи ва ахлокиро дарбар мегирад.

Барои исботи фикр, баёни максад зимни хар як боб Низомии Ганчави хикиоятхо овардааст, ки гарчанде аз чихати мазмуну мундарича аз анъа нахои замони феодали ори нестанд, ба химояи хукуки ахли мехнат ва бар зидди зулми золимон равона шудаапд. Дар ин маснави Низомии Ганчави баръакси шоирони дарбор, ки дар асархояшон калимаву иборахои вазнину камистеъмолро истифода мебурданд, ба забони серобуранг ва маколу масалхои халки ру овардааст. Маснавии «Хисрав ва Ширин» асари романтики буда, аз ишки Хисрави шохзода ва Ширини сохибчамол хикоят мекунад. Ин дос­тон ба номи Шамсуддпн Мухаммад Чахонпахлавон Илдигиз — хукмрони Ганча (1174—1186) назм шудааст. Аммо дар хотимаи достон номи Тугрул ибни Арслон (1177—1194) ва номи Ки­зил.

Арслон (1185—1191)—хукмронони салчуки низ ёдовари мешавад. Шоир ин достонро чандин бор тахрир ва такмил кардааст. Сюжети «Хисраву Ширин» дар китобхои «Ал-махосин в-ал-аздод»-и Чохиз, «Шохнома»-и Саолиби ва «Шохнома»-и Фирдавси накл ёфтааст. Ин кисса дар замони Низомии Ганчави дар фолклори халкхои Эрону Озарбончон низ интишор ёфта буд. Ин достон, ки аз 6500 байт иборат аст, ба се кисм таксим мешавад. 1) Мукаддимаи анъанави, ки бобхои дар хамди худову наъти пайгамбар, ёдоварии султоне, ки достон ба у бахшида шудааст ва сабаби назми дос­тонро дарбар мегирад. 2) Киссаи муошакати Хисраву Ширин ва вокеахои сиёсию ичтимоие, ки ба Хис­рав алокаманд аст. 3) Хотима. Дар ин кисм бобхое дохил шудаанд, ки хусусияти пандуахлоки ва хасбихоли доранд.

Инчунин пеши подшохе, ки китоб ба у бахишда шудааст, Низомии Ганчави арзу ниёзи худро мебарад. Баъзе бобхои «Хотима» ,аз масъалахои динии фалсафи бахс мекунанд. Кахрамонони асосии достон Хисрав, Ширин ва Фарход мебошанд. Хисрав чавони солиму хубруй бошад хам, рафтори ношоиста зохир менамояд; у дар чавони хангоми саёхат ба айшу нуш дода шуда, бо рикобиёнаш киштзори дехконеро хароб карда, аз падараш Хурмуз чазо дид; у аз ухдаи давлатдори хам набаромад; ба мукобили исёнгарон бо сарварии Бахроми Чубина истодагари карда натавонист, кишварро тарк гуфт, ба ишкбози машгул шуд; ба фармони Ширин эътибор надод, ба назди кайсари Рум рафт, бо шарти ба духтари у хонадор шудан аз вай лашкар ва ёрии модди гирифт; бо кувваи румиён дубора ба тахт нишаст, аз чихати маънави ба давлати бегона тобеъ гардид. Хисрав дар рохи ишк хам устувор нест: у ошики Ширин буда, аммо ба духта­ри кайсари Рум Марям хонадор шуд; хамчунин дар Исфахон бо Шакар ном духтаре ишкварзихо кард. Хисрав дар назди ошики хакики Фарход очизу нотавон аст.

У Фарходро бо рохи хиёнат мекушад. Хисрав магрури сурати зебои худ буда, манфиатхои шахсиашро аз манфиатхои халк ва мамлакат авло медонад. Дар характери у гуруру худписанди чизи асосист. Ширин дар баъзе асархои таърихи ва ривоятхои пеш аз Низомии Ганчави офаридашуда каниз, аммо дар достони Низомии Ганчави шохдухтар тасвир шудааст. Образи Ширин дар достон мавкеи асоси дорад. Ши­рин хам духтари зебову окила, хам подшохи росткору одил мебошад. Ширин дили соф дорад, гарки хиссиёти аввал ба Хисрав дил баста, окибат фиреб мехурад. Низомии Ганчавии дар ин достон тавассути образи Ширин муаммои мураккаби ишкфо ба миён гузоштааст. Ширин ошики хакикист. У дар дил як ишк мепарварад. Аз ин ру мухаббати самимонаи Фарходи чонфидоро рад менамояд. Ширин барии ошикон дар зиндаги шахсеро дуст дошта, аммо ба мухаббаташон чавоби сазовор намегиранд ва як умр бо хаёли ишки аввали худ умр ба cap мебаранд. Низомии Ганчави ошики содику гамхорро дар образи Фарход тачассум кардааст. Барои Фарход ба чуз ишки пок, дигар чизи кимате нест. У хамаро, хатто чони ширини худро дар рохи ишк курбон меку­над. Фарход тимсоли фидокори, мехнатдусти ва кахрамонист.

Низомии Ганчави ба воситаи образи Фарход таъкид месозад, ки ин гуна мардони ростдилу фидокор дар шароити нобаробарихои ичтимоии чамъияти феодали ба максади худ расида натавониста, аз дунё нокому бемурод чашм мепушанд. Дар достони «Хисрав ва Ши­рин» махорати суханварии Низомии Ганчави ба дарачаи баланд расидааст. Ин дос­тон аз шохасархои адабиёти чахонист. Маснавии «Лайли ва Мачнун» яке аз достонхои шурангези Низомии Ганчави мебошад. Он 4700 байт дорад. Сю­жети аслии достон аз фолклор ва адабиёти бадеии араб омадааст. Олимон — Ибни Надим, Ибни Кутайба, Абулфарачи Исфахони дар асархои худ дар бораи киссаи «Лайли ва Мачнун» маълумот додаанд. Аксари муаррихон ва фолклоршиносони араб кахрамонони асосии достон Кайс ва Лайлиро шахсони таърихи донистаанд. Киссаи арабии «Лайли ва Мачнун» вариантхои бисёре дош­та, баъди истилои араб дар Эрону Осиёи Миёна пахн шуд. Рудаки, Ро­биаи Балхи, Бобо Тохири Урён ва дигарон шоирон ба ин кисса ишорахо карданд.

Дар адабиёти форс-точик ин сюжетро бори аввал Низомии Ганчави ба шакли достон мураттаб сохт. Достони «Лайли ва Мачнун» хам аз кисми мукаддимаи анъанави, сюжети асо­си ва хотима иборат аст. Кисми асо­сии достон саргузашти пуразоб ва ишки поку бебарори ду чавонро дарбар мегирад, ки дар шароити хаёти кабилави ва конуну коидахои он гирифтори фочиаи сахте шудаанд. Кайс тадричаи аз сохти чамъиятии барояш номусоид ба танг омада, худро ба девонаги мезанад, бо чонварон унс мегирад, нихоят дар ёди Лайли чон медихад. Лайли хам олихаи ишки пок буда, дар фочиаи ишк халок мешавад. низомии Ганчави дар «Лайли ва Мачнун» ба чуз тараннуми мухаббати пок, боз оид ба тарбияи фарзанд фикрхои мухимми пандуахлоки низ баён кардааст.

Шоир дар масъалаи тарбияи фарзанд се гурухи падару модаронро нишон медихад: падару модари Кайс дар боби тарбияи фарзанд чидди нестанд, пе­ши рохи уро гирифта наметавонанд. Чунин беэхтиёти дар тарбияи фар­занд окибати нохуш меоварад. Гу­рухи дигар — падару модари Лайли, баръакс, ба хама талаботу дархостхои маънавии фарзанд эътибор намедиханд, аз андозаи берун сахтгиранд. Падари сеюм худи Низомии Ганчави аст, ки бо панду насихатхои хирадмандона фарзандашро ба рохи рост хидоят менамояд. Инчунин тахлили масъалахои худбини, гараздори, аз як тараф, инсонпарвари ва адолатхохи аз тарафи дигар, дар достон мавкеи мухим доранд. Достони «Лайли ва Мачнун» бо махорати баланди суханвари навишта шудааст.

Тасвири хиссиёти ботини ва хаячони рухии кахрамонон дар достон парвози баланд дорад, Алалхусус, тасвири поёни умри Лайли ва васияти у ба модар бисёр чонгудоз аст. Маснавии чахоруми Низомии Ганчави «Хафт пайкар» мебошад, ки дар сарчашмахои адаби бо номи «Бахромнома» ва «Хафт гунбад» низ ёд мешавад. Сю­жети «Хафт пайкар» аз киссахои давраи сосонист, ки онро пеш аз Низомии Ганчави. Фирдавси дар «Шохнома» ба назм дароварда буд. Низомии Ганчави онро аз нав тахриру такмил карда, бо равиши то­за эчод намуд. Достони «Хафг пайкар» нид аз мукаддимаи анъанави, сюжети асоси ва хотима иборат ме­бошад. Образи марказии достон Бахроми Гур аст. Дар «Шохнома»-и Фирдавси Бахроми Гур шахси таъ­рихи буда, вале дар асари Низомии Ганчави ба образи чомеъ табдил ёфтааст. Низомии Ганчави ба сюжети достон киссаи хафт гунбадро дохил карда, саргузашти Бахроми таърихиро хеле тайгир медихад. Бахром аз хурди хамчун шохзода хуб тарбия дида, сохиби илму хунар мешавад.

Баъди вафоти падари золимаш халк подшохии Бахромро намехохад. Бахром аввал кирдори ношоистаи падарро махкум кар­да, ваъда дод, ки рохи уро давом намодихад. Сипас, аз байни ду шер точи шохиро рабуда, ба тахти подшохи баромад; бо адлу дод мамлакатро обод кард, мардумро дар хушксоли аз марг начот дод. Вале баъди ин ба шикор ва айшу нуш машгул шуда, зимами давлатро ба дасти вазираш дод; вазир рохи зулмро пеш гирифта, кишварро хароб кард. Бахром баъд аз хикояти тамсилии чупоне аз хиёнати вазир пай бурда, уро ба чазо расонд, ба мардум озоди бахшид. Низомии Ганчави дар симои Бахром образи идеалии шохи одилро офаридааст. Низомии Ганчави касрхои хафт гунбадро созонда, духтарони подшохи хафт иклимро дар он чо нишонда, ба хамин роли якподшохи ва дустии халкхоро талкин менамояд. Дар ранг ва тартиби хафт гунбад акоиди мутараккии Низомии Ганчави, донишхои аст­рономии у ифода ёфтааст.

Ранги гунбадхо аз мушкин (сиёх) огоз ёфта, бо ранги кофури (сафед) анчом меёбад, ки ин хама маколи «поёни шаби сиёх сафед аст»-ро инъикос менамояд. Тартиби рузхо дар хафт гунбад аз рузи хафтаи мусулмони (шанбе) ибтидо шуда, бо рузи чумъа ба итмом мерасад. Гунбадхо номи хафт сайёраро доранд. Маснавии «Хафт пайкар» бисёр равону мавзун сохта шудааст. Дар достон характери кахрамонон дар харакату инкишоф тасвир меёбад, ки ин хусусан дар образи Бахром зохир шудааст. Низомии Ганчави хамчун дигар асархояш дар «Хафт пайкар» низ ахлоки замона — фиреб, хирс ва макрро махкум мекунад. Охирин ва мухимтарин маснавии «Хамса»-и Низомии Ганчави дос­тони «Искандарнома» аст.

Киссахое дар бораи Искандар дар даврахои пеш аз милод ба вучуд омада, ба воситаи аскарон ва савдогарони юнони пахн мегардиданд. Низомии Ганчави вариантхои гуногуни киссаи Искандарро чамъ оварда, кушиш кардааст, ки асари мукаммале ба вучуд орад. «Искандарнома» дорои 10500 байт буда, аз мукаддима, сюжети асоси ва хотима иборат мебошад. Низомии Ганчави дар мукаддима ба хонандагон мурочиат ме­кунад, ки ба мазмуни бои достон диккат диханд, зеро у хамаи дониш ва тачрибаи гаронбахои зиндагии худ ва достонхои дигарашро дар ин асар чамъбаст намудааст. Кахрамони ягона ва таърихии достон Искандари Макдуни мебошад. Вале азбаски Низомии Ганчави симои Искандарро ба таври нав додан мехост, аз Искандари таърихии истилогар. горатгар ва хунрез чашм пушида, образи Искандарро аа назари худ офаридааст.

Шоир дар достон ба тарбияи Искандер махсусан диккат модихад, уро аз санчишхои бисёро мегузаронад, ба воситаи образи Арасту, ки хамдами уст, идеалхои олии мамлакатдориро баён менамояд.Низомии Ганчави чахонеро орзу мекард, ки он як хукумат ва мисли Искандар як подшохи окилу одил дошта бошад. Образи Искандер дар инки­шоф тасвир шудааст. Искандар тадричан аз подшох ба шахси хаким ва хирадманд мубаддал мешавад. «Хам­са» Низомии Ганчави шухрати умумичахони дорад. Зиёда аз хафт аср аст, ки шакли ачоиб, тасвирхои барчаста, забони фасех ва гояхои начиби достонхои Низомии Ганчави суханварони Шаркро ба шавк меорад. «Хамса»-и Низомии Ганчави ба инкишофи назми Шарк таъсири бузург бахшидааст. Аз асри 13 инчониб ба достонхои Низомии Ганчави чавобу назирахои бисёре ба майдон омадаанд. Ба «Махзан-ул-асрор» дар забони форси 42, ба «Хисрав ва Ширин» дар забонхои форси, узбеки, озарбойчони, турки 42, ба «Лайли ва Мачнун» дар забонхои форси, узбеки, туркмани, озарбойчони, турки ва курди 40 назира ба вучуд омадааст. Дар байни назирахо ба «Хамса»-и Низомии Ганчави «Хамса»-хои Хисрави Дехлави, Алишери Навои ва «Хафт авранг»-и Абдуррахмони Чоми мавкеи асоси доранд.

Низомии Ганчави дар достонхояш акидахои мутараккии замони худро ифода кардааст. Акидахои ичтимоии Низомии Ганчави чамъбасти акидахои ичтимоии оммахои мехнаткаши асрхои миёна — акидаи дехконии адолатхохи мебо­шад. Мувофики ин акоид мамлакатро бе подшох тасаввур кардан мумкин нест. Подшохи меросист ва под­шох сардори халк аст. Подшох ва вазирону хокимони у бояд боинсофу адолатпарвар башанд. Он гох халк вазифадор аст, ки ба ин гуна под­шох итоат бинамояд. Дар акси хох, халк хак дорад ба чои подшохи зо­лим шохи одил интихоб кунад. Ба акидаи Низомии Ганчави барои чори намудани баробариву адолат бархам додани усули шохи шарт нест, балки бо пандомузи ва танкиди зулму золимон вазъи мамлакатдориро ислох кардан имконпазир аст. Хокимон бояд ба сухани халк гуш дода, нуксонхои давлатдориро ба ислох расонанд. Низомии Ганчави дар достони «Искандарнома» го­яи сотсиалиами хаёкиро ба миён гузошта, чамъияти феодалиро махкум мекунад. У ин акидаро дар лахзаи «Ба мамлакати Шимол рафтани Ис­кандар», ки мардумонаш озоду баробархукук буданд, аз номи кахрамони идеали Искандар ифода кардааст. Нахонбини ва акоиди фалсафии Низомии Ганчави ба шароити ичтимоию таъ­рихии замони у вобастаги доранд. Низомии Ганчави пайрави фалсафаи хукмрони замони феодали — калом буда, «шайх-ул-мутакаллимин» унвон ги­рифта аст. У худоро офаридагори оламу одам ва аввалу охири чахон медонад. Ба акидаи у замин маркази афлок буда, сайёрахо дар атрофи он давр мегарданд:

Хабар дори, ки сайёхони афлок

Чаро гарданд гирди тудаи хок?

Ба ташкилоти косибон «ахи» расман алокадор будани Низомии Ганчави маълум нест, вале гояхои ин ташкилот дар асархои у инъшкос ёфтааст. Низомии Ганчави инсониятдуст ва халкпарвари бузург бу­да, бо асархои гаронбахояш ба ганчинаи маданияти чахони хиссан калон гузоштааст. Омузиши эчодиёти Низомии Ганчави дар асри 19 огоз ёфт. Олимони шаркшинос, адабиётшиносон — Х, Э. Браун, Ризозодаи Шафак, Шиблии Нуъмони, Забехуллохи Са­фо, Ян Рипша ва дигарон ба эчодиёти у бахои баланд додаанд. Олими эрони Вахиди Дастгирди ашъори лирикии шоирро чамъовари ва нашр кар­дааст. Омузиши илмии доманадори эчодиётл Низомии Ганчави дар замони совети cap шуд. Тадкикоти мукаммал дар бораи Низомии Ганчави ба калами Е. Э. Бертелс тааллук дорад. Дар Озарбончон оид ба эчодиёти Низомии Ганчави тадкикоти зиёде анчом ёфтаанд. Олимони озари матни илмии танкидии достонхои «Хамса»- ро чоп карданд. Хамаи осори у ба забони озарбойчони тарчума шуда­аст. Бисёр офаридахои у инчунин ба забони дигар халкхои СССР ва хоричи низ ба табъ расидаанд. Соли 1941 800-солагии Низомии Ганчави чашн гириф­та шуд. Хар сол дар Кировобод (собик Ганча) чашни солонаи Низомии Ганчави баргузор мешавад. Дар зодгохи шоир ва шахри Боку хайкали ёдгории у гузошта шудааст. Макбараи Низомии Ганчави дар Кировобод аст. Соли 1979 дар Киров­обод музеи Низоми Ганчави кушода шуд. Дар асоси достонхои Низомии Ганчави филмхо, пэсахо, балет, опера, асархои рассоми ба миён омадаанд. Дар СССР мактабхои оли ва миёна, театрхо, китобхонахо, кучахо ба номи Низомии Ганчави гузошта шудаанд.

Ос.: Бахром ва хафт пайкар, Сталинобод, 1941; Достони «Лайли ва Мачнун», Сталинобод, 1948; Хикоятхо аэ «Хамса», Д., 1969.

Ад.: Бертельс Е. Э., Роман об Александре и его главные версии на Во­стоке, М., 1948; х а м о н м у а л л., Ни­зами. Творческий путь поэта. М., 1956; хамон муалл., Низами и Фуэули, М., 1968; Адабиёти форсу точик дар асрхои XII—XIV, к. 1, Д., 1976.

Инчунин кобед

sari

САРИ

САРИ, либоси миллии занони хинду. Сариро асосан аз матои 4,5—9 метр дарози, 1 метр пахнои …