Маълумоти охирин
Главная / Илм / САРЧУМЛА

САРЧУМЛА

САРЧУМЛА, кисми асосии предикативии чумлаи мураккаби тобеъ аст, ки мазмуну мохияти онро дар бар мегирад. Сарчумла бо кисми дигари чумлаи мураккаби тобеъ — чумлаи пайрав, ки ба Сарчумла тобеъ буда, аа хар чихат онро эзох медихад, як вохиди кулли нутк — воситаи мураккаби ахборро ташкил мекунад. Масалан: Домони уфук дар тарафи Когон сафедча тофта, лаппида меистод, гуё ки дар он су сухтори калоне давом карда истода бошад (Чалол Икроми).

zabon

Сарчумла аз чихати сохт ва таркиби лексикии худ хар хел мешавад. Дар як холат вай маънои мустакилро ифода карда тавонад, дар холати дигар бе чумлаи пайрав мазмуни аник ва мувофики максадро дода наметавонад. Дар холатхои зерин мустакилияти маъ- нои ва грамматикии Сарчумла характери нисби дорад: а) вакте ки хабари Сарчумла бо феълхои гузаранда ифода шавад, вокеъ гардидани объекти бевосита — чумлаи пайрави пуркунанда зарур мешавад: Ахмади Дониш инчунии фахмид, ки сохти давлатдории аморати Бухоро аз решааш пусидааст (Садриддин Айни); б) агар хабари Сарчумла бо калимахои бешахс (аён, маълум, равшан, даркор, лозим, зарур) ифода гардад, маънои онхо махз бо ёрии чумлаи пайрав шарху эзох меёбад; в) калимахои нисбии таркиби Сарчумла алокаи зичи байни Сарчумла ва чумлаи пайравро таъмин менамоянд; г) агар исмхои таркиби Сарчумла артикли номуайянии -е ё шумораши «як» гиранд, истифодаи чумлаи пайрави муайянкунанда ногузир мешавад; д) калимахои ишоратии чуфти дар Сарчумла ва ё чумлаи пайрав омада (чи кадар ки… хамон кадар, чи хеле ки… хамон хел, чунон ки… инчунин, дар кучое, ки… хамон чо ва гайра) задаи мантики гирифта. ифодаи якчояи Сарчумла ва чумлаи пайрав (давоми мантикии фикр)-ро зарур мегардонанд: Дар рохи илм хар кадар ки риёзат ва азоб каши, хамон кадар фоида мебари (Садриддин Айни).
Адабиёт.: Забони адабии хозираи точик. Синтаксис, Душанбе. 1970; Атобуллоев С., Чумлахои мураккаби тобеъ бо чумлахои пайрави мубтадо ва хабар, Душанбе, 1974; 3 и к р и ё е в Ф., Чумлахои пайрави тарзи амале, ки калимахои хамнисбати таркиби сарчумларо эзох медиханд, дар мачмуаи: Баъзе масъалахои забоншиносии точик, Ленинобод, 1968.

Инчунин кобед

САРВИ

САРВИ навъи хатест, ки дар асрхои 16—19 дар Хуросону Моваро- уннахр пахн гашта, бештар дар …