САХАРОЗА, канди найшакар ё лаблабу, яке аз мухимтарин дисахаридхост, ки дар хамаи растанихои фотосинтезкунанда мавчуд аст. Моддаи кристаллии беранги дар об халшаванда; I гудозиш 185—186*Селсия. Аз таъсири кислота ба осони гидролиз шуда глюкоза ва фруктоза хосил мекунад. Сахароза аз чумлаи карбогидратхоест, ки ба хуби дар растанихо хазм мешаванд; карбогидратхои дар натичаи фотосинтез хосилшуда махз дар шакли Сахароза аз барг ба тухм, реша, лундахо ва пиёзак таксим мешаванд ва дар ин узвхо бо осони ба крахмал ё инсулин табдил меёбанд.
Дар ахди кадим Сахарозаро дар Хиндустон, Хитой, Миср аз шираи найшакар хосил мекарданд. Алхол манбаи асосии Сахароза дар мамлакатхои минтакаи муътадил лаблабуи канд мебошад. Сахароза дар саноати хуроквори ва микробиологи васеъ истифода мешавад. Аз он спирти этил ва спиртхои дигар, асетон, кислотаи сирко ва дигар махсулот мегиранд. Дар урфият Сахарозаро канд мегуянд.