БОНКИ ТИЧОРАТИ, муассисаи бузурги кредитдиханда, ки барои корхонахо, ташкилот ва шахрвандон амалиёти универсалии бонки (хисобу китоб, доду гирифти пули, чалби амонатхо, додани карз, инчунин амалиёт дар бозори когазхои киматнок ва корхои миёнарави)-ро ба ичро мерасонад. Бонки тичорати маблаги гузаронидани амалиётро асосан аз хисоби пасандози амонатхо, инчунин аз хисоби кредитхои байнибонки ва баровардани сахмияву вомбаргхои худи ба даст меорад. Аввалин Бонки тичорати соли 1407 дар Генуя (бонки Георгийи Мукаддас) ташкил шуда буд. Дар чахон кадимтарин Бонки тичорати, ки то имруз фаъолият дорад, бонки итолиёии Монте дей Паски ди Сиена (таъсисаш 1472) аст.
Ш.Дустбоев.