Маълумоти охирин
Главная / Гуногун / АБУЛХАСАНИ МУЗНИ

АБУЛХАСАНИ МУЗНИ

АБУЛХАСАНИ МУЗНИ Мухам­мад ибни Мухаммад (соли таваллуд номаъ­лум – вафот 986), муставфи ва вазири дарбори амир Нух ибни Мансур. Абулхасани Музни пас аз катли Абулхусайни Утби дар соли 981 вазири Нух ибни Мансур таъин гардид. Саъйи у дар хифзи давлати сомониён натичаи дилхох надод, чун иктидор ва нуфузи сиёси дар даст сарварони сипохиён карор дошт.

Дар замони вазирии у мушкили аслии давлати сомониён Абулхасани Симчур буд, ки у дар пайи боз гирифтани хукумат ва сипахсолории Хуросон ба-д-он су харакат мекард. Дар ин хангом сипахсолор Абулаббоси Тош Абулхасани Музниро аз вазорат барканор кард ва чои уро ба Абумухаммад Абдуррахмон ибни Ахмади Форси (Порси) дод. Абулхасани Музни бемор шуда фавтид. Абулхасани Музни фарде фозил, адиб, шоир ва пеш аз вазорат муставфии девон буд.

Л. Бойматов.

Инчунин кобед

САГИР

САГИР, нигаред, Сугур.