Маълумоти охирин

МЕХНАТ

mehnatМЕХНАТ, фаъолияти максадноки одам, ки дар чараёни он у ба воситаи олоти мехнат ба табиат таъсир расонда, онро тагйир медихад ва барои конеъ гардонидани талаботи худ мувофик мегардонад. Аз ин нуктаи назар Мехнат ба гуфтаи К. Маркс шароити абадию табиии хаёти инсон аст, бинобар ин вай ба ягон шакли хаёт вобаста набуда, баръакс барои хамаи шаклхои чамъиятии он умуми аст.

Мехнат барои мавчудият ва ташаккули инсон, барои тараккиёти шуур ва фаъолияти он, барои баланд бардоштани кобилият ва дарачаи савияи он, ки асоси такомули муносибатхои истехсоли мебошад, роли халкунанда мебозад. Мехнат хамчун фаъолияти ба максад мувофики инсон аз тайёр кардани олоти мехнат cap шуда, то рафт мураккабтар, мукаммалтар мегардад ва шаклхои гуногунро ба худ мегирад. Аз ин ру, нишонаи одди ва хатмии Мехнат олоти Мехнат, воситаи Мехнат ва худи Мехнат аст.

Дар процесси истехсоли неъматхои модди одамон байни худ алока ва муносибатхои муайяне пайдо мекунанд, ки он муносибатхои истехсолиро ташкил медихад. Дар хар як мархалаи таърихии инкишофи чамъият Мехнат шакли ба худ хос дошта, он аз алокаи куввахои истехсолкунанда ва муносибатхои истехсоли вобаста аст. Дар чамъияти ибтидои асоси муносибатхои истехсолиро моликияти кабила ба воситахои истехсолот ташкил медод. Дар он вакт хануз истисмори одам аз тарафи одам вучуд надошт. Дар замони феодализм замин ва кисман дехкони крепостнои моликияти феодал ба шумор мерафт. Дар чамъияти капиталисти бошад, моликияти хусуси ба воситахои истехсолот асоси муносабатхои истехсолиро ташкил медихад. Коргарони истехсолот дар ин чамъият хукукан баробар ва озод дониста шаванд хам, дар асл онхо аз воситахои истехсолот махруманд ва аз гуруснаги мачбуранд ба капиталист кувваи кории худро фурушанд. Шакли иктисодии мачбур кардан ба

Мехнат ба капиталистон армияи калони кувваи кориро ба вучуд меоварад, ки он ба мол табдил меёбад.

Дар шароити истехсолоти моли Мехнат характери духура дорад. Аз як тараф, Мехнат Мехнати конкретист, ки арзиши истеъмолии молро ташкил медихад ва аз тарафи дигар, мехнати абстрактии дар мол тачассумёфта арзиши молро ба вучуд меоварад. Чунин хусусияти духурагии Мехнат зиддияти байни Мехнати шахси ва чамъиятиро ифода мекунад. Дар шароити капитализм Мехнат чун Мехнати шахси ба зухур омада, хусусияти чамъиятии он факат дар бозор равшан мегардад, ки яке аз зиддиятхои антагонистии капиталистиро нишон медихад. Баробари тараккиёти капитализм истисмори Мехнати кироя пурзур шуда, музди хакикии Мехнати коргарон паст мешавад кашшокшавии нисби ва мутлаки пролетариат пурзур мегардад, бекори меафзояд ва муборизаи синфи байни Мехнати кироя ва капитал тезу тунд мешавад.

Характери Мехнат дар замони социализм ва коммунизм ба кулли тагйир меёбад. Асоси муносибатхои истехсолиро чамъияти будани воситахои истехсолот ташкил мекунад.

Муносибатхои социалистии истехсолот ба пайдоиши конунхои нави иктисоди — конуни асосии иктисодии социализм, конуни тараккиёти мунтазам ва мутаносиби хочагии халк, конуни таксимот мувофики мехнат ва гайра, ки характер, табиат ва ташкили Мехнатро муайян месозад, мусоидат мекунанд. Табдили Мехнати асоратовар ба Мехнати озод, хамоханги ва мутобикати Мехнати шахси ва Мехнати чамъияти, муносибати нави эчоди ба Мехнат, кооперацияи социалистии Мехнат хусусиятхои асосии давраи социализм мебошанд. Ба чамъияти социалисти хукук ба Мехнат ва умумияти он, мувофикати хавасмандкунии моддию маънавии Мехнат, дар асоси инкишофи доими ва босуръати хосилнокии Мехнат баланд бардоштани дарачаи зиёдатии мехнаткашон ва тамоми халк, тадричан бархам додани зиддияти гайриантагонистии ичтимои ва зиддияти Мехнати чамъияти хос аст. Кооперацияи социалистии Мехнат хамоханги ва мутобикати манфиатхои шахси ва чамъияти, пайдоиш ва инкишофи муносибатхои нави бошууронаро нисбат ба Мехнат таъмин мекунад.

Ташкили чамъиятии Мехнат ва инкишофи бомуваффакияти он дар шароити иктисодиёти социалисти танхо дар сурати мувофикати окилонаи мутамарказони бо инкишофи демократия, шаклхои демократи ва усулхои рохбари ба Мехнати чамъияти имковпазир аст. Барои пурра истифода бурдани кобилият, истеъдод ва ташаббуси иштирокчиёни истехсолоти чамъияти, хукуки коллективхои корхонаю ташкилотхо, мувофикати манфиатхои шахси, коллективию чамъиятии коркунон васеъ мешавад. Дар замони социализм хосилнокии Мехнат дар асоси такмил ва ба истехсолот чорй намудани навигарихои техника, истифода бурдани технологияи навтарин, бехтар ташкил намудани Мехнат ва г. меафзояд ва дар хамин замина сатхи зиндагии мехнаткашон баланд бардошта шуда, некуахволии онхо бехтар мегардад.

Дар шароити социализми мутаракки тафовути ичтимоию иктисодии Мехнати чамъияти ба мисли фаркияти байни Мехнати фикри ва чисмони, Мехнати шахру кишлок ва г., ки дар зинаи якуми чамъияти коммунисти вучуд доранд, тачрибаи камшуда, бартараф мешаванд.

Ба Мехнати коммунисти табдил ёфтани Мехнати социалисти ва сохтмони базаи модди-техникии коммунизм чунин дарачаи баланди тараккиёти куввахои истехсолкунандаро талаб мекунад, ки он афзоиши баланди хосилнокии Мехнат, бархам додани тафовути ичтимои-иктасодии он, чамъияти гардонидани Мехнат ва ба талаботи аввалини хаётии хар як одам табдил ёфтани Мехнат, инкишофи принципии «аз хар кас мувофики кобилияташ» ба принципи коммунистии таксимот «ба хар кас мувофики талаботаш»-ро таъмин намояд.

Ад.: Марио К., Напитал, т. 1, Марко К. и Энгельс Ф, Соч., т. 10; Марио К., Энгельс Ф.. Ас. мун., Д-2, Д., 1005; Ленин В. И., Давлат ва революция. Ас., ч- 25; Подмарков В. Г., Социальные проблемы организации труда. М., 1900; Чангали И. И., Труд, Д., 1079.

Н. Чамолиддинов.

Инчунин кобед

“САРХАДЧИЁНИ СОВЕТИ”

“САРХАДЧИЁНИ СОВЕТИ” газета, органи комитети районии Партияи Коммунистии Точикистон ва Совети депутатхои мехнаткашони райони Даштичум. …