Маълумоти охирин
Главная / Биология / ЦИТРУСПАРВАРИ

ЦИТРУСПАРВАРИ

ЦИТРУСПАРВАРИ, як сохаи растанипарвари (парвариши растанихои цитруси)-ро гуянд. Аввалин корхои тачрибави оид ба парваришу санчиши растанихои цитруси дар Точикистон с-хои 30 cap шуда буд. Аз с. 1949 cap карда дар р-нхои водии Вахш тарзи дар хандакхо парваридани растанихои цитруси маъмул гардид.

citrusparvari

Точикистонро вобаста ба хусусиятхои табиаташ ба нух нохияи экологии Цитруспарвари чудо мекунанд ва холо дар шаштои он (Точикистони Шимоли, водихои Хисор, Вахш, Кофарнихони Поён, д. Панч, водии Кизилсу ва Яхсу) растанихои цитруси мепарваранд. Вале барон Цитруспарвари оештар шароити Точикистони Чануби — водихои Вахш, Кофарнихони Поён (водии Бешкент низ) ва д. Панч мувофик аст.

Дар Точикистон аз растанихои цитруси асосан лиму,инчунин афлесун, норанч ва грейпфрутро мепарваранд. Дар р-нхои водии Вахш 4 совхоз ва 42 колхоз ба лимупарвари машгуланд. Хосилнокии лиму дар хочагихои водии Вахш аз хар га андаряк 100—120 ц аст. Хосили умумии растанихои цитруси дар сектори чамъиятии республика ба 10 хаз. ц (баъзе солхо то 12 хаз. ц) мерасад.

Цитруспарвари сохаи сердаромад аст. Хочагихои вил. Кургонтеппа аз хар га лимузор 8—18 хаз., Ст. тачрибавии зироати субтропикии Вахш 40—50 хаз. сум даромади соф мегиранд.

Дар инкишофи Цитруспарварии республика сахми Станцияи тачрибавии зироати субтропикии Вахш, лауреатхои Мукофоти давлатии РСС Точикистон ба номи Ибни Сино Цулая В. И. ва Эшонкулов У., олимони цитруспарвар Абаев М. Н., Ёрбобоев Н. Д., Чураев Н., Рукнидинов К. ва диг. калон аст.

У. Эшонкулов.

Инчунин кобед

safedaho

САФЕДАХО

САФЕДАХО, протеинхо, моддахои органикии калонмолекулаи табииеро гуинд, ки аз аминокислотахо таркиб ёфта дар сохту фаъолияти …