Маълумоти охирин
Главная / Биология / САРМОБАРДОРИИ РАСТАНӢ

САРМОБАРДОРИИ РАСТАНӢ

САРМОБАРДОРИИ РАСТАНӢ, аз сармон кӯтоҳ ё дарозмуддат талаф нашуда ба хунукӣ тоб овардани растаниро гӯянд. Дар растаниҳои зимистонгузарон сармобардорӣ ҳар сол дар натиҷаи тайёрии дарозмуддат ва мураккаби онҳо ба зимистон инкишоф меёбад (нигаред. Обутоби растанӣ). Дар давраи гарми сол, вақте ки растаниҳо месабзанд, қобилияти сармобардории онҳо кам ва дар давраи сармои зимистон зиёд мешавад. Дар вақти гармо Сармобардории растанӣ хеле паст, вале баъд, агар хунукӣ тадриҷан шиддат ёбад, аз нав баланд мешавад.

rastani

Якбора пасту баланд шудани ҳарорат хавфнок аст, чунки растанӣ фурсат намеёбад такроран обутоб ёбад. Дар ҳуҷайраҳо ба вуҷуд омадани просессҳои физикию химиявӣ (аввалан, душворшавии яхбандии оби дохили ҳуҷайра, сониян, баланд шудани тобоварии ҳуҷайраҳо ба беобшавии протопластҳо ва тағйири механикии яхи берун’аз ҳуҷайраи онҳо) ба Сармобардории растанӣ сабаб мешавад. Ин хосияти ҳуҷайраҳо дар ҷараёни бо ҳарорати паст дар якчанд давра (аз давраи оромӣ сар карда) обутоби растанӣ инкишоф меёбад. Агар дар ягон давра дар ҳуҷайраҳои растанӣ просесси зарурӣ нагузад он вақт растаниҳо ба қадри даркорӣ сармобардор намешаванд ва мумкин аст нобуд шаванд.
Сармобардории растанӣ, пеш аз ҳама, аз рӯи хусусияти ирсӣ муайян мешавад. Баъзе растаниҳо дар ҳавои начандон хунук нобуд мешаванд (масалан, дарахти лиму дар ҳарорати аз —5 то —1242), қис- ми дигарашон дар зимистони қаҳратун (масалан, баъзе дарахтони себ ба сармои то —•40°Селсия тоб меоранд) ҳам зинда мемонанд, дарахти ҷалғӯза, ғубайро ва ғайра дар Сибири Шарқӣ дар ҳарорати —70°Селсия зинда монда метавонанд. Ҳатто навъҳои гуногуни як намуди растанӣ ҳам ба андозаи якхела сармобардор нестанд. Масалан., баъзе навъҳои гандуми тирамоҳӣ дар ҳарорати —15°Селсия, дигарашон дар —22°Селсия нобуд мешаванд. Бинобар ин яке аз усулҳои нисбатан самарабахши баланд бардоштани Сармобардории растанӣ рӯёндани навъҳои сармобардор ва ба шароити маҳалҳо дуруст мутобиқ кардани онҳо мебошад. Ба Сармобардории растанӣ инчунин шароити хоку иқлим ва усулҳои агротехникие, ки растаниро бо шароити мусоиди обу ғизо, аэрасия таъмин мекунанд, таъсир мерасонанд. Сар- мобардории растаниҳои кишта дар шароити табиӣ (дар саҳро ё боғ) ба дараҷаи обутоби пешакии онҳо вобаста аст. Масалан, гандуми тирамоҳӣ дар ҳарорати аз —15°Селсия паст аз хунукӣ нобуд мешавад; баъди дар лаборатория обутоб додан ба хунукии то —30°Селсия тоб оварда метавонад. Ниҳоли яксолаи зардолу баъди обутоби ла- бораторӣ дар ҳарорати —60°Селсия фақат андаке зарар мебинад, себи «Антоновка» бошад, баъди чунин сармо хӯрдан ҳам гул карда метавонад. Қаламчаи сиёҳқот баъди обутоби лабораторӣ ба сармои сахттарин дучор шавад ҳам, реша гирифта, инкишоф, ёфта метавонад. Ба Сармобардории растаниҳои саҳро аз рӯи миқдори растаниҳое, ки дар воҳиди муайяни замин зимистон гузаронидаанд, баҳо дода мешавад. Дар лаборатория бошад, Сармобардории растаниро бо ёрии яхдонҳо муайян мекунанд.
Адабиёт: Туманов И. И., О физиологическом механизме морозостойкости растений, «Физиология растений», 1967, том 14, век 3.

Инчунин кобед

saba

САЪБА

САЪБА, номи ду намуди паррандаест аз қатори гунҷишкҳо. Дарозии танаш 12 сантиметр, қисми пеши сараш …