Маълумоти охирин
Главная / Гуногун (страница 90)

Гуногун

ТОҲИР ИБНИ ҲУСАЙН

ТОҲИР ИБНИ ҲУСАЙН(775/776—822), асосгузори сулолаи Тоҳириён. Соли охири ҳукмронии Ҳорунаррашид дар пахш намудани Шуриши Рофеъ ибни Лайс дар шаҳри Самарқанд иштирок кардааст. Баъд аз вафоти Ҳорунаррашид дар мубориза барои тахт фармондеҳи қӯшуни Маъмун буд. Тоҳир ибни Ҳусайн баробари ба тахт нишастани Маъмун (813) ҳокими Байнаннаҳрайн (Месопотамия) ва сардори гарнизон (соҳибушшурта)-и …

Муфассал »

ТОҚ

tok

ТОҚ, 1) сақфи камонакшакли нимгумбаз, ки дар пӯшиши боми масҷид, мадраса, мақбара, ҳаммом ва ғайра истифода мешавад. Дар девори баъзе биноҳои пешина Тоқҳои чуқур мегузоштанд, ки дар натиҷа хона шакли чилликӣ гирифта (чортоқ), сатҳи он фарохтар мешуд. Тоқҳои сатҳӣ (Тоқи рӯяк, ки барои ороиш дар девор, устувона, намои иморат ва …

Муфассал »

ТОШТЕМИРОВ Нӯъмон

ТОШТЕМИРОВ Нӯъмон (таваллуд 29.8. 1932, деҳаи Оққӯрғони раёни Ленини Ресспубликаи Совети Сотсиалистии Тоҷикистон), сарояндаи советии тоҷик (тенори лирикӣ), Ҳофизи Халқии Совети Сотсиалистии Тоҷикистон. (1969). Аз соли 1951 ҳофизи Филармонияи давлатии Тоҷикистон ва аз соли 1962 ҳофизи Комитети давлатии Ресспубликаи Совети Сотсиалистии Тоҷикистон оид ба телевизион ва радиошунавонӣ. Дар тайёр кардан …

Муфассал »

ТОШМУҲАММАДОВ Муллотуйчи

ТОШМУҲАММАДОВ Муллотуйчи (1868, Тошкент —1.-6. 1943), сарояндаи ӯзбек. Қаҳрамони Меҳнат, Ҳофизи Халқ (1927). Шогирди Умар Ҳофиз. Дар мактаби кӯҳна таҳсил намудааст. Тошмуҳаммадов солҳои 1905 ва 1911 аввалин маротиба 25 суруди худ, аз ҷумла «Илғор»,«Хусрав», «Сувора», «Бобо Равшан», «Курди нав», «Авҷи Курд» ва ғайраро ба грампластинка сабт кунонидааст. Бо ташаббуси ӯ …

Муфассал »

ТОШМУҲАММАДОВ Феликс Мастибекович

ТОШМУҲАММАДОВ Феликс Мастибекович (21. 12. 1926, шаҳри Хоруғи ВАБК), режиссёр, актёр ва драматурги тоҷик. Артисти Хизматнишондодаи Ресспубликаи Совети Сотсиалистии Тоҷикистон (1963). Аъзои КПСС аз соли 1960. Студияи театрии Душанбе, курси олии режиссёрии Институти театр ва мусиқии Ленинград (1951), Институти давлатии санъати театри Москваро (1957) хатм намуд. Солҳои 1957—62 режиссёр ва …

Муфассал »

ТОШМУҲАММАДОВ Мастибек Давлатович

ТОШМУҲАММАДОВ Мастибек Давлатович (таваллуд 24. 12. 1908, деҳаи Поршневи раёни Шуғнони ВАБК), ходими ҳарбӣ, генерал-майор (1962). Аз оилаи деҳқони камбағал. Аъзои КПСС аз соли 1931. Соли 1925, баъди хатми мактаби ибтидоӣ дар Дорулмуаллимини шаҳри Тошканд таҳсил кард. Ташкилотчии корҳои комсомолии раёни Кангурт, котиби Комитети комсомолии округи Кӯлоб (1929—30), мудири шӯъбаи …

Муфассал »

ТОШМУҲАММАДОВ Абдулазиз

ТОШМУҲАММАДОВ Абдулазиз (1869, деҳаи Чимбулоқи раёни Арал, ҳозира раёни Куибышев —1933), муборизи фаъоли зидди босмачиён, иштирокчии барпо ва мустаҳкам кардани Ҳокимияти Советӣ дар Тоҷикистон. Соли 1921 ба сафҳои Армияи сурх даромада, аввал роҳбалади Полки 10-уми савора, сонӣ роҳбалади полкҳои 1-уму 2-юми кавалерӣ ва Бригадаи 1-уми кавалерии туркмании алоҳида буд, ки …

Муфассал »

ТОШМАТОВ Ҷамолиддин

ТОШМАТОВ Ҷамолиддин (таваллуд 20 4. 1939, деҳаи Яккатераи раёни Конибодом), нависандаи советии тоҷик. Аз оилаи колхозчӣ. Аъзои КПСС аз соли 1978. Омӯзишгоҳи педагогии Конибодом (1956) ва Институти давлатии педагогии Ленинободро (1960) хатм кардааст. Ходими газетаи районии «Машъали коммунизм» (1961) ва газетаи вилоятии «Ҳақиқати Ленинобод» (1962) буд. Аз соли 1962 ходими …

Муфассал »

ТОШЕВ Тӯрахон

ТОШЕВ Тӯрахон таваллуд 5. 1. 1933, деҳаи Парчасойи ҳозира раёни Ёвон), чӯпон, Қаҳрамони Меҳнати Социалистӣ (1981), Чорводори Хизматнишондодаи Республикаи Совети Сотсиалистии Тоҷикистон (1071).Аъзои КПОС АЗ соли 1068. Солҳои 1950—53 чӯпои ва сарчӯпони совхози «Данғара»-и раёни Данғара. Тошев дар панҷсолаи 10- ум 5788 сар (аз ҳар 100 сар меши қарокӯлӣ 204—227 …

Муфассал »

ТОШЕВ Облоқул

ТОШЕВ Облоқул (таваллуд 12. 2. 1931, Панҷакент), иқтисодчӣ, доктори илмҳои иқтисодӣ (1973), профессор (1977). Аъзои КПСС аз соли 1955. Соли 1954 Институти давлатии педагогии Душанберо хатм кардааст. Муаллими мактаб, инструктори Комитети Марказии ЛКСМ Тоҷикистон, 1957— 60 муаллими иқтисоди сиёсии Мактаби партиявию советии назди Комитети Марказии Партияи Коммунистии Тоҷикистон ва Институти …

Муфассал »