Маълумоти охирин
Главная / Гуногун (страница 91)

Гуногун

ТОТУРА

ТОТУРА, 1) номи дигари бангидевона. 2) Бандест, ки бо он дасту пои чорвоён (махсусан асп ва хачир) -ро банданд.

Муфассал »

ТОРРИЧЕЛЛИ Эванҷелиота

ТОРРИЧЕЛЛИ (Тоrriceli) Эванҷелиота (15. 10. 1606, Фаэнца —25. 10. 1647, Феоренция), математик ва физики италиявӣ. Шогирди Г. Галилей. Ихтироъкори барометри симобӣ, кашшофи вакуум (мухаллои Торричелли) ва мавҷудияти фишори атмосфера. Муаллифи формулаест (формулаи Торричелли), ки суръати аз зарф ҷорӣ шудани моеъи идеалиро муайян мекунад.

Муфассал »

ТОРЕЗ Морис

ТОРЕЗ (Тhorez) Морис (28. 4. 1900, Нуайел-Годо, департаменти Па-де-Кале—41. 7. 1964, дар киштӣ дар роҳи СССР; дар қабристони Пер Лашези Париж мадфун аст), ходими ҳаракати коммунистӣ ва коргарии Франция ва байналхалқӣ. Аз оилаи ангишткан. Аз рӯзи таъсисёбии Партиян Коммунистии Франция (1920) яке аз ходимони намоёни он. Аъзои Комитети Марказии Партияи …

Муфассал »

ТОР

tor

ТОР, танида, нахҳое, ки қадқади матоъ нисбат ба ҳамдигар мутавози мехобанд ва ҳангоми бо нахҳои пуд бофтани онҳо матоъ ҳосил мешавад (нигаред Бофти тору пуд). Нахҳои Торро ба ғалтаки калони махсус (навоӣ) печонда, ба ақиби дастгоҳи бофандагӣ ҷойгир мекунанд. Барои Тор ресмони нисбатан маҳкаму сахт тофташударо, ки аз нахқои хушсифат …

Муфассал »

«ТОМ-УТ-ТАВОРИХ»

«ТОМ-УТ-ТАВОРИХ» асари таърихиест, ки ба қалами Абдуллоҳи Балхӣ мансуб буда, солҳои 1597—98 ба забони тоҷикӣ (дар Бухоро) таълиф шудааст ва воқеаҳои таърихиро то охири асри 16 дар бар мегирад. Воқеаҳои таърихии дар асар тасвирёфта маълумоти моро доир ба таърихи водиҳои Ҳисор, Бахш, Қаротегин, Бадахшон, шаҳрҳои Конибодом, Хуҷанд ва Уротеппа дар …

Муфассал »

ТОМСОН Ҷозеф Ҷон

ТОМСОН (Тhomson) Ҷозеф Ҷон (18. 12. 1856, Чятем-Хилл наздикии Манчестер—30.8.1040, Кембриҷ). фиpики айглис, аз соли 1884 аъзои Ҷамъияти подшоҳии Лондон (1915—20, президент). Тадқиқоти Томсон ба ҳисобкунии майдони электромагнитии кураи зарядноки ҳаракаткунанда, назарияи гирдбод, андозагирии прецезионии нисбати воҳидҳои электрии мутлақ ба воҳидҳои электромагнитӣ оиданд. Разряди газиро омӯхта Томсон бо ҳамкоронаш як …

Муфассал »

ТОМСОН лорд Келвин

ТОМСОН (Тhomson), лорд Келвин (Кеlvin) Уилям (26. 6. 1824, Белфаст—17. 12. 1907, Лартс, назди Глазго; дар Лондон мадфун аст), физики англис, яке аз асосгузорони термодинамика ва назарияи кийетикии газҳо, аъзои Ҷамъияти подшоҳии Лондон. Соли 1845 усули электрии ба даст овардани тасвиротро ихтироъ кард, баъд бо таъсири корҳои Ҷ. П. Ҷоуль …

Муфассал »

ТОМИН Николай Дмитриевич

tomin-nd

ТОМИН Николай Дмитриевич (16. 12. 1886, қасабаи Кочердык, ҳозира райёни Целинии вилояти Курлан — 12. 8. 1924, Кӯлоб), қаҳрамони Ҷанги гражданӣ (1918—20). Аз оилаи казак. Аъзои Партияи коммунистӣ аз соли 1924. Иштирокчии Ҷанги якуми ҷаҳонӣ (1914—18). Соли 1924 аввал фармондеҳи Бригадаи 6-уми савораи Олтой дар Бухорои Шарқӣ, сипас фармондеҳи Бригадаи …

Муфассал »