Маълумоти охирин
Главная / Гуногун (страница 60)

Гуногун

ФАҚИРИ ДЕҲЛАВӢ

ФАҚИРИ ДЕҲЛАВӢ Фақири Мафтун, Мир Шамсуддин (соли таваллуд номаълум — вафот 1769), шоири форсизабони Ҳиндустон. Мувофиқи маълумоти тазкираҳо қасоид, ғазалиёт, рубонҳо ва ғайра доштааст. Ба қалами ӯ инчунин маснавии «Вола ва Султон» (таълифаш 1747) мутааллиқ аст, ки аз ишқи шоири форсизабони Ҳиндустон Волеуи Доғистонӣ ба духтари амакаш Хадичасултон ҳикоят мекунад. …

Муфассал »

ФАҒФУР Сайид Муҳаммадҳусайни Лоҳиҷӣ

ФАҒФУР Сайид Муҳаммадҳусайни Лоҳиҷӣ (соли таваллуд номаълум — вафот 1619, Оллоҳободи Ҳиндустон), шоир ва донишманди эронӣ. Зодгоҳаш — Лоҳиҷони Гелон. Дар оғоз бо тахаллуси Расмӣ шеър мегуфт. Ба шаҳрҳои Эрон, Ироқ ва Гурҷистон сафар кардааст. Сипас, ба Ҳинд руй овард. Мувофиқи маълумоти тазкираи «Майхона» девони ашъори иборат аз 5 ҳазор …

Муфассал »

ФАЯНС

fayans

ФАЯНС (аз франсузӣ faience — номи шаҳр, маркази истеҳсоли маснуоти сафолӣ дар Италия), як навъ сафоли нафис ё чинии дағалро гӯянд, ки аз гилмояи сафед, хамираи минералҳо, омсидҳо ва дигар моддаҳои ғайриорганикӣ тайёр мекунанд. Аз чинӣ бо нисбатан дурушт будани гилмоя ва рутубатро оз худ ҷалб карданаш фарқ мекунад Аз …

Муфассал »

ФАХРУЗЗАМОНӢ Мулло Абдуннабии Қазвинӣ

ФАХРУЗЗАМОНӢ Мулло Абдуннабии Қазвинӣ (соли таваллуд ва вафот номаълум), шоир ва тазкиранигори эронӣ (асри 17). Аз оилаи тоҷир. Шаҷараи авлодаш гӯё ба Абдуллоҳи Ансорӣ мерасидааст. Фахруззамонӣ дар зодгоҳаш камол ёфт. Дар аввал Иззатӣ тахаллус мекард. Дар 19-солагӣ ба Машҳад ва Ҳиндустон рафт. Асарҳояшро дар Ҳиндустон навиштааст. Аз асарҳои Фахруззамонӣ то …

Муфассал »

ФАХРУДДИНИ ХУҶАНДӢ

ФАХРУДДИНИ ХУҶАНДӢ (соли таваллуд ва вафот номаълум), мусиқишиноси тоҷик (асрҳои 14—15). Дар Хуҷанд ба дунё омада, илмҳои бадеъ, фалсафа, риёзиёт ва мусиқиро аз падараш омӯхтааст. Фахруддини Xуҷандӣ дар санъати китобат ва сураткашӣ низ истеъдоди баланд дошт. У бо тахаллуси Савтӣ шеър ҳам мегуфт ва худаш оҳанг мебаст. Фахруддини Xуҷандӣ дар …

Муфассал »

ФАХРУДДИНИ ИРОҚӢ

ФАХРУДДИНИ ИРОҚӢ Шайх Иброҳим ибни Бузургмеҳр ибни Абдулғаффори Ҷаволиқии Ҳамадонӣ (1213, Камҷон ё Камеҷони Ҳамадон —1289, Димишқ), шоири форс-тоҷик. Ироқӣ тахаллус дошт. Нигаред Ироқӣ.

Муфассал »

ФАХРУДДИНИ ГУРГОНӢ Асад

ФАХРУДДИНИ ГУРГОНӢ Асад (соли таваллуд ва вафот номаълум), шоири форс-тоҷик (асри 11). Ҷузъиёти тарҷумаи ҳолаш, таҳсили илм, воқеоти давраи ҷавонӣ ва камолоташро тазкиранависон наовардаанд. Аз ашъораш бармеояд, ки ӯ илмҳои замонашро хуб омӯхта буд, аз адабиёти форс-тоҷик, адабиёти араб вуқуфи комил дошт ва бо забони паҳлавӣ низ шинос буд. Фаъолияти …

Муфассал »

ФАХРИИ ҲИРАВӢ

ФАХРИИ ҲИРАВӢ Мавлоно Султонмуҳаммад ибни Амирмуҳаммади мутахаллис ба Амирӣ (соли таваллуд номаълум, Ҳирот — вафот тақрибан 1562—63, Хиндустон), шоир ва адабиётшиноси форс-тоҷик. Бештар дар Ҳирот зиндагӣ ва эҷод мекард. Аз Фахрии Ҳиравӣ асарҳои зерин боқӣ мондаанд: 1) «Латоифнома» (1521—22) —тарҷумаи фороии «Маҷолис-ун-на- фоис»-и Навоӣ буда, як боби илова дорад, ки …

Муфассал »

ФАХРИИ РӮМОНӢ

ФАХРИИ РӮМОНӢ Саидакрами Саидҳофиз (1829, деҳаи Рӯмони ҳозира раёни Хуҷанд—1914, ҳамон ҷо), шоири халқии тоҷик. Аз оилаи косиб. Бо бордорӣ, деҳқонӣ ва косибӣ машғул будааст. Фахрии Рӯмонӣ дар ашъораш, ки аз ғазалу маснавӣ, рубоӣ иборат буда, дар таъсири назми классикии форс-тоҷик ва эҷодиёти даҳанакии халқ эҷод шудаанд, аҳли меҳнатро тараннум …

Муфассал »

ФАХРИ ДАСТГИРДӢ

ФАХРИ ДАСТГИРДӢ (соли таваллуд ва вафот номаълум), шоири форс-тоҷик (асри 12). Аз осори ӯ якчанд рубоӣ дар «Лубоб-ул-албоб» омадааст, ки мавзӯи онҳо панду насиҳат, ҳасби ҳол, ишқу муҳаббат ва ғайра аст. Ин рубоӣ аз ӯст: Он дам, ки бувад туро зи чанду чун бас В-аз неъмату аз ғамат каму афсун …

Муфассал »