РУМЯНСЕВА Зоя Алексеевна (таваллудаш 27. 9. 1916, шаҳри Москва), химик-орга-ники советӣ, доктори илмҳои хи¬мия (1976), профессор (1978); аъзои КПСС аз соли 1946. Университети давлатии Москваро хатм кардааст (1940). Шогирди Б. А. Ка-занский. Солҳои 1941-1942 лаборанти Штаби муҳофизи зидди ҳавоии шаҳри Москва, ассистенти кафедраи химияи органикии Университети давлатии Москва; 1945—1947 аспиранти …
Муфассал »РУКНИ СОИН
РУКНИ СОИН Рукни Ҷаҳон, Хоҷа Амидулмулки Рукнуддин (соли таваллудаш номаълум — вафоташ 1363, Язд), шоири форс-тоҷик. Дар тазкираҳо ном ва тахаллус, инчунин нисбаҳои шоир дар шаклҳои мухталиф, аз ҷумла «Рукн», «Соин», «Соннӣ», «Рукни Симнонӣ», «Сонни Рукни Сифодонӣ» (Исфаҳонӣ), «Сонни Ҳиравӣ» зикр шуда, аз ин сабаб ба қавли муаллифи тазкираи «Рӯзи …
Муфассал »РУЗВЕЛТ Франклин Делано
РУЗВЕЛТ (Roosevelt) Франклин Делано (30. 1. 1882, Ҳайд-Парк, штати Ню-Йорк—12. 4. 1945, Уорм-Спрингс, штати Ҷорҷия), арбоби давлатӣ, президенти ИМА (1933—1945). Аз оилаи заминдори калон ва соҳибкор. Аз рӯи маълумот ҳуқуқшинос; дар мактаби хусусии имтиёзноки Гротон, университетҳои Ҳарвард ва Колумбия таҳстл намуд, дар фирмаи ҳуқуқшиносӣ кор кард (1907—1910). Соли 1910 Рузвелт …
Муфассал »РУКАВИШНИКОВ Николай Николаевич
РУКАВИШНИКОВ Николай Николаевич (таваллудаш 18. 9. 1932, Томск), лётчик-кайҳоннаварди СССР, ду карат Қаҳрамони Иттифоқи Советӣ (1971, 1974). Аъзои КПСС аз соли 1970. Соли 1957 Институти инженерию физикии Москваро хатм карда дар Бюрои конструкторӣ ба кор шурӯъ намуд. Аз соли 1967 дар отряди кайҳоннавардон. 23—25 апрели 1971 (якҷоя бо В. А. …
Муфассал »РУДОЛФИ Карл Асмунд
РУДОЛФИ (Rudolphi) Карл Асмунд. (14. 6. 1771, Стокголм—29. 11. 1832, Берлин), табиатшиноси немис, аъзо-корр. АФ Петербург (1803). Профессори университетҳои Грейфсвалд (аз 1797) ва Берлин (аз 1810). Рудолфи муаллифи аввалин дар адабиёти ҷаҳонӣ феҳристи гелминтҳо — «Entozoorum sy¬nopsis…» (1822) мебошад. Ӯ дар ин асари худ, тавсифи 981 намуди паразитҳоро дода, онҳоро …
Муфассал »РУДОӢ Анатолий Михайлович
РУДОӢ Анатолий Михайлович (1912—14. 11. 1943). Қаҳрамони Иттифоқи Советӣ (1943, баъди фавт.), лейтенанти калони гвардия. Пеш аз Ҷингн Бузурги Ватанӣ дар қисмҳои Армияи Советӣ, ки дар Тоҷикистон воқеъ буданд, хизмат мекард. Соли Рудоӣ ба фронт рафт. Бо саворагони тоҷик роҳи пуршарафи ҷангро тай намуда, аз Сталинград то ба соҳили дарёи …
Муфассал »РУДЗУТАК Ян Эрнестович
РУДЗУТАК Ян Эрнестович (15. 8. 1887, хутори Тсауни, губернатори Курляндия, ҳоло РСС Лат.—29. 7. Ю38), ходими давлатӣ ва партиявии советӣ. Аз оилаи батрак. Аъзои Партияи ком¬мунистӣ аз соли 1905. Аз соли 1904 коргар дар Рига. Соли 1906 аъзои Комитети ригагии РСДРП. Соли 1907 роҳбари ташкилоти партиявии Виндава, июни худи ҳамон …
Муфассал »РУБЛ
РУБЛ (аз русӣ — рубить — бурридан), воҳиди пул дар. Россияи пешазреволютсионӣ ва СССР. Нахустин Рубл асри 13 дар Новгород пайдо шуда, ба 200 г нуқра баробар буд ва ҳамчун воситаи хариду фурӯш ва меъёри вазн хизмат мекард. Дар нимаи дуюми асри 14 Рубл чун воҳиди вазн аҳамияти худро гум …
Муфассал »РУБЛЁВ Андрей
РУБЛЁВ Андрей (тақрибан 1360—1370— 1427—1430, Москва), рассоми рус, таъсискунандаи мактаби рассомии Москва. Аз оилаи ашроф. Фаъолияташ дар заминаи анъанаҳои рассомии Руси Москва ва эҷодиёти рассомони византиягиву славянҳои ҷанубӣ сурат гирифтааст. Рублёв зебоии маънавию қувваи рӯҳии инсонро дар қолаби иконаофари (уқнумофарӣ)-и асримиёнагӣ, вале бо мазмуни нав ифода кардааст («Спас», «Ҳаворӣ Па¬вел», …
Муфассал »РУБИНШТЕЙН Антон Григоревич
РУБИНШТЕЙН Антон Григоревич (28.11.1829, деҳаи Вихвати- Подолск—20. 11. 1894, Петергоф, ҳоло Петродворетс), пианинонавоз, бастакор, дирижёр, педагог ва ходими ҷамъиятии мyсиқии рус. Яке аз пианинонавозони машҳури ҷаҳон ва асосгузори мактаби пианинонавозии рус. Дар бисёр мамлакатҳои Европа (1840—1843; 1854—1858) ва ИМА (1872—1873) консерт додааст. Солҳои 1844—1848 дар Берлин ва Вена назарияи мусиқӣ …
Муфассал »