Маълумоти охирин
Главная / Гуногун (страница 40)

Гуногун

Рисал-и-Алонсо Хосе

РИСАЛ, Рисал-и-Алонсо Хосе (19. 6. 1861, Каламба, музофоти Лагуна — 30. 12. 1896, Манила), қаҳрамони миллӣ ва маорифпарвар, нависанда ва олими Филиппин. Дар Университети Манила, дар Испания ва Германия таҳсил кардааст. Ҳамчун духтур, зоолог, этнограф, забоншинос ва муаррих, шоир ва нависанда, ҳайкалтарош ва рассом машҳур аст. Роман ва памфлетҳои сиёсии …

Муфассал »

РИНДӢ

РИНДӢ (соли таваллуд ва вафот номаълум), шоири тоҷик (асри 19). Аз мардуми Намангон будааст. Пас аз таҳсили илмҳои расмии давр ба дарбори амир Умархон роҳ ёфта, дар доираи адабӣ мақоме пайдо кардааст. Аз Риндӣ якчанд ғазал ва байтҳои пароканда тавассути тазкира ва баёзҳои асрҳои 19 дастрас мебошанд. Мавзӯи асосии ашъори …

Муфассал »

РИМСКИЙ-КОРСАКОВ Николай Андреевич

РИМСКИЙ-КОРСАКОВ Николай Андреевич (18. 3. 1844, Тихвин 21. 6. 1908, работи Любенск, ҳоло вилояти Ленинград), бастакор, дири- жёр, педагог ва ходими ҷамъиятии рус. Яке аз иштирокчиёни фаъоли «Тӯдаи муқтадир» (симфонияи нахустинашро солҳои 1862 —65 дар таҳти роҳбарии М. А. Балакирев эҷод кардааст; таҳрири дуюм—1874). Махсусан, аз солҳои 70 фаъолияти ҷамъиятию …

Муфассал »

РИМАН Бернхард

РИМАН Бернхард (17. 9. 1826, Брезеленс, Саксонияи Поён — 20. 7. 1866, Селаска, назди Интра, Италия) математики немис. Соли 1846 ба Университети Гёттинген дохил шуд. Лексияҳои К. Гаусс- ро шунида, сонитар бисёр ғояҳои ӯро инкишоф дод. Дар Университети Берлин (солҳои 1847— 49) аз К. Якоби (доир ба механи- ка) ва …

Муфассал »

РИККАТИ Якопо Франческо

РИККАТИ Якопо Франческо (28. 5. 1676, Венесия —15. 4. 1754, Тревизо), математики италиявӣ. Дар шашри Падуе таҳсил кардааст. Аз соли 1747 дар Венесия умр ба сар бурдааст. Асарҳояш асосан ба ҳисоби интегралӣ ва назарияи муодилаҳои дифференсиалӣ оиданд. Риккатӣ усули интегронии як навъи муодилаи дифференсиалии тартиби якумро ёфт, ки дар математика …

Муфассал »

РИКАРДО Давид

РИКАРДО Давид (19. 4. 1772, Лондон—11. 9. 1823, графии Глостершир), иқтисодчии англис, яке аз намояндагони барҷастаи иқтисоди сиёсии классикии буржуазӣ. Аз табақаи сармоядорон. Солҳои 1793-1812 ба тиҷорат ва минбаъд ба тадқиқоти илмӣ машғул шудааст. Асари асосии Рикардо «Рукнҳои иқтисоди сиёсӣ ва андохтани андоз» (1817) мебошад. Аҳамияти таърихии асарҳои Рикардо барои …

Муфассал »

РИЗОШОҲИ ПАҲЛАВӢ

РИЗОШОҲИ ПАҲЛАВӢ (16. 3. 1878, Мозандарон —26. 7. 1944, Иоханнесбург, Р А Ҷ; дар шаҳри Рай, наздикии Теҳрон дафн шудааст), шоҳи Эрон (1925—41), саромади сулолаи Паҳлавиён. Аз оилаи офисе- ри заминдори мозандаронист. Хизмати ҳарбиро дар дастаи казакии форсҳо аз рутбаи паст сар кард. Фармондеҳи бригадаи казакҳо буд, ки он 21. …

Муфассал »

РИЗОИИ КОБУЛӢ

РИЗОИИ КОБУЛӢ (соли таваллуд ва вафот номаълум), шоири форс-тоҷик (асри 16). Дар тазкираҳо оиди Ризоии Кобулӣ маълумоти тарҷумаиҳолӣ хело кам аст. Вале дар ғазалсароӣ устод буданашро суханшиносон таъкид кардаанд. Ғазалҳояш бештар ошиқона буда, бо забони соддаву равон офарида шудаанд. Намунаҳои боқимондаи ғазалиёти ӯ хело каманд.

Муфассал »