РИЗОИИ БУХОРОӢ (соли таваллуд ва вафот номаълум), шоири тоҷик (асри 17). Мувофиқи маълумоти Малеҳо («Музокир-ул-асҳоб») аз Бухоро буда, дар ҳамон ҷо камол ёфтааст. Ӯ дар шеъру шоирӣ асосан пайрави классикони адабиёти форс- тоҷик буда, чунонки Малеҳо низ таъкид мекунад, «ба тарзи қудамо» ва аксаран дар татаббӯи ашъори Соиб шеърҳои хубу …
Муфассал »РИЗОИ САБЗВОРӢ Амир Шарафуддин
РИЗОИ САБЗВОРӢ Амир Шарафуддин (соли таваллуд номаълум —- вафот 1452), шоири форс-тоҷик. Ризои Сабзворӣ вазирзода буд; илмҳои : расмии замонро ба хубӣ аз худ кардааст. Пас аз касби камол худаш низ яке аз маъмурони шаҳри Сабзвор гардид. Ба қавли тазкиранависон Ризои Сабзворӣ девони ғазалиёт тасниф карда буд. Дар сурудани қасоид …
Муфассал »РИЗОИ АББОСӢ
РИЗОИ АББОСӢ (тақрибан 1575, Кошон— 1635), мусаввир, наққош ва хаттоти форс-тоҷик. Намояндаи барҷастаи Мактаби минётури Исфаҳон. Баъд аз Беҳзод машҳуртарин наққош ва мусаввир дониста мешавад. Ризои Аббосӣ пайрави Мавлоно Муҳаммади Ҳиравӣ буда, сабки ӯро эҷодкорона инкишоф додааст. Махсусан дар чеҳрапардозӣ (портрет) моҳир буд ва дар ин бобат ба мусаввироди аврупоӣ …
Муфассал »РИЗО Муҳаммадрашид
РИЗО Муҳаммадрашид (1865, Қаламун, наздикии Триполи, Сурия — 1935, Қоҳира), ходими динӣ ва ҷамъиятии Арабистон, яке аз тарафдорони фаъоли ислоҳоти исломист. Журнали “Ал-мажор” (1808) асос гузошт ва то охири умр ношири он буд. Ақидаи таҷдиди хилофати Араб ва муборизаи зидди империализмро тарафдорӣ менамуд. Ризо Қуръонро дар рӯҳи ақидаҳои Абду шарҳ …
Муфассал »РИЁЛ
РИЁЛ, риол, воҳиди пули Эрон. Риёл соли 1930 ба ҷои қирон қабул шуааст. Риёл бафобар ба 100 динор аст. Мувофиқи қурси Банки давлатии Иттифоқи Республикаҳои Советии Сотсиалистӣ Союз Советских Социалистических Республик СССР 100 р.—0,90 сӯм (августи1984).
Муфассал »РИЁҲИН
РИЁҲИН, р а ё ҳ и н, Нигаред, Райҳон
Муфассал »«РИЁЗ-УШ-ШУАРО»
«РИЁЗ-УШ-ШУАРО» тазкираест, ки Алиқулихони Волеҳи Доғистони соли 1748 таълиф кардааст. Дар бораи 2594 шоири мутақаддим ва ҳамасри муаллиф маълумот медиҳад. Аз муқадддима, 28 равза (мутобиқи 28 ҳарфи алифбои арабиасоси тоҷикӣ) ва хотима (шарҳи ҳоли муаллиф) иборат аст. Танҳо ҳарфи аввали ном ва тахаллуск шоирон ба инобат гирифта шудааст. Муаллиф аз …
Муфассал »РИЁЗИИ САМАРҚАНДӢ Имомуддин
РИЁЗИИ САМАРҚАНДӢ Имомуддин (соли таваллуд номаълум, Самарқанд — вафот 1479, ҳамон ҷо), шоири форс-тоҷик. Дар зодгоҳаш ба таҳсили илм пардохт ва илмҳои маъмулии замонашро аз худ намуд. Пас аз касби камол ба Ҳирот сафар карда, ба даргоҳи Алишери Навоӣ роҳ ёфт. Ба қавли тазкиранависон Риёзии Самарқандӣ дар ҷавонӣ ба шеъргӯӣ …
Муфассал »РИЁЗИИ ЗОВАӢ
РИЁЗИИ ЗОВАӢ (соли таваллуд номаълум — вафот 1515), шоири форс-тоҷик. Дар тазкираҳои гуногун— «Маҷолис-ун-нафоис»-и Навоӣ, «Тӯҳфаи Сомӣ»-и Соммирзои Сафавӣ, «Рӯзи равшан»-и Сабо ва ғайра оиди Риёзии 3оваӣ маълумоти мухтасаре дарҷ гардида, ӯ чун яке аз шоирони маъруфи давр қаламдод шудааст. Риёзии 3оваӣ ба дарбори султон Ҳусайни Бойқаро роҳ ёфта, қозии …
Муфассал »РИЁЗИИ ВУСУЛИИ БАДАХШӢ
РИЁЗИИ ВУСУЛИИ БАДАХШӢ (соли таваллуд ва вафот номаълум), шоири тоҷик (асри 16). Бародари Ниёзии Мисолии Бадах- шист. Оид ба ҳолу аҳволаш маълумоти кофие дастрас нест. Риёзии Вусулии Бадахшӣ шоири забардаст буда, хаёлоти рангину баланде доштааст. Шеършиносони замон ғазалиёти ӯро некӯ гуфтаанд. Аз эҷодиёти у намунаҳои хеле камтавассути тазкираву баёзҳо то …
Муфассал »