Маълумоти охирин
Главная / Гуногун (страница 50)

Гуногун

ФРУНЗЕ Михаил Васильевич

ФРУНЗЕ Михаил Васильевич (тахаллуси партиявиаш Арсений, Трифоныч; 2. 2. 1885, Пишпек, ҳоло шаҳри Фрунзеи РСС Қирғизистон—31. 10. 1025, Москва), ходими партиявӣ, даивлатӣ ва ҳарбии советӣ, назариётчии ҳарбӣ. Аз оилаи фелдшери ҳарбӣ. Аъзои Партияи коммупистӣ аз соли 1904. Маи 1905 яке аз роҳбарони корпартоии Иваново-Вознесенск буд. Солҳои 1909—10 ду маротиба ба …

Муфассал »

ФРУНЗЕ Константин Васильевич

ФРУНЗЕ Константин Васильевич (21. 1. 1881, шаҳри Пишпек, ҳозира Фрунзе —25. 12. 1940, Москва), иштирокчии фаъоли барпо ва мустаҳкамкунии Ҳокимияти Советӣ дар Осиёи Миёна ва Қазоқистон, асосгузор ва ташкилотчии экспертизаи судию тиббӣ дар Тоҷикистон. Бародари М. В. Фрунзе. Соли 1933 бо таклифи Комиссариати халқии нигаҳдории тандурустни РСС Тоҷикистон ба Душанбе …

Муфассал »

ФРЕНЕЛ Огюстен Жан

ФРЕНЕЛ (Ғrеsnеl) Огюстен Жан (10. 5. 1788, Броля —44. 7. 1827, Вил-д’Авре, назди Париж), физики франсавӣ, яке аз асосгузорони оптикаи мавҷӣ. Аъзои Академияи Фанҳои Париж (аз соли 1823) ва аъзои Ҷамъияти шоҳии Лондон (аз соли 1825). Дар асоси фарзияи хосияти мавҷӣ доштани рӯшноӣ назарияи интерференсия ва дифраксияро ба вуҷуд овард. …

Муфассал »

ФРЕЙМАН Александр Арнолдович

ФРЕЙМАН Александр Арнолдович ((22. 8. 1879, Варшава —19. 1. 1968, Ленинград), эрошпиноси сове- тӣ, аъэо-корр. АФ СССР (1928), Ходими Хизматнишондодаи Илми РСС Тоҷикистон (1949). Аз оилаи хизматчӣ. Баъди хатми университети Петроград (1903) барои омӯзиши забонҳои эронии қадим ба Германия рафт. Аз соли 1917 дар университети Петроград дарс мегуфт ва аз …

Муфассал »

ФРАНС Анатол

ФРАНС (Ғгаnсе) Анатол (номи аслиаш Анатол Франсуа Тибо,) (1844—1924), нависандаи франсавӣ. Дар романҳои «Ҷинояти Силвестр Боннар» (1881), «Ақоиди Ҷаноби Жером Куаняр» (1893) танқиди ҷамъияти буржуазӣ ба назар мерасад. Дар романи «Таис» (1890) таассуби мазҳабии дини исавӣ мазаммат шудааст. Танқиди сохти буржуазӣ дар силсилароманҳои «Таърихи даври муосир» (1897—1901) боз ҳам амиқтар …

Муфассал »

ФРАНК Иля Михайлович

ФРАНК Иля Михайлович (таваллуд 23. 10. 1908, Петербург), физики советӣ, академики Академияи Фанҳои СССР (1968). Яке аз муаллифони шуоъафкании Черенков — Вавилов. Доир ба назария ва амалияи физикаи нейтронҳо тадқиқот бурдааст. Таҳти роҳбарии Франк реактори импулсии бо нейтроеҳои сареъ амалкунанда сохта шуд. Лауреати Мукофоти нобелӣ (1956, ҳамроҳи И. Е. Тамм …

Муфассал »

ФРАЙ Ричард Нелсон

ФРАЙ (Ғгуе) Ричард Нелсон (таваллуд 10. 1. 1920, Бирмингам), шарқшиноси америкоӣ. Пас аз хатми Университети шаҳри Ҳарвард (1946) ду сол дар назди профессор В. Б. Қеннинг забовҳои эронии қадим ва миёнаро омӯхтааст. Дар университҳои Теҳрон (1951—52), Франкфурт (1958—50), Ҳамбург (1968—69), Шероз (1969—74) кор кардааст. Ба қалами Фрай зиёда аз 100 …

Муфассал »

ФОХИРИ РОЗӢ Абӯмафохири Мунҷиқ

ФОХИРИ РОЗӢ Абӯмафохири Мунҷиқ (соли таваллуд ва вафот номаълум), шоири форс-тоҷик (асри 12). Дар Рай зиндагӣ ва эҷод кардааст. Шеърҳои Фохири Розӣ кам мондаанд. Аз ашъори у 13 байт дар «Маҷмаъ-ул- фусаҳо»-и Ризоқулихони Ҳидоят ва 3 қитъа дар «Ҳафт иқлим»-и Амин Аҳмади Розӣ зикр шудааст. Намунаи ашъори ӯ: Боли мурассаъ …

Муфассал »

ФОФАНОВА Марианна Петровна

ФОФАНОВА Марианна Петровна (таваллуд 21. 10. 1921, заводи Пудеми РАСС Удм), шоира ва тарҷумони советии рус. Аз оилаи коргар. Соли 1943 ба Тоҷикистон омад. Соли 1949 институти адабии ба номи Горкийро хатм кард ва мухбири «Литературная газета» таъин гардид. Фофанова мушовири Иттифоқи Нависандагони Тоҷикистон, мудири шӯъбаи назми журнали «Памир» буд. …

Муфассал »

ФОТО…

ФОТО… (аз юнонӣ рhotos — рӯшноӣ), қисми таркибии калимаҳои мураккабест, ки мапсубияти онро ба рӯшноӣ ифода мекунад (масалан, фотография, фотосинтез).

Муфассал »