РИЗОИИ КОБУЛӢ (соли таваллуд ва вафот номаълум), шоири форс-тоҷик (асри 16). Дар тазкираҳо оиди Ризоии Кобулӣ маълумоти тарҷумаиҳолӣ хело кам аст. Вале дар ғазалсароӣ устод буданашро суханшиносон таъкид кардаанд. Ғазалҳояш бештар ошиқона буда, бо забони соддаву равон офарида шудаанд. Намунаҳои боқимондаи ғазалиёти ӯ хело каманд.