Маълумоти охирин
Главная / Гуногун / РИККАТИ Якопо Франческо

РИККАТИ Якопо Франческо

РИККАТИ Якопо Франческо (28. 5. 1676, Венесия —15. 4. 1754, Тревизо), математики италиявӣ. Дар шашри Падуе таҳсил кардааст. Аз соли 1747 дар Венесия умр ба сар бурдааст. Асарҳояш асосан ба ҳисоби интегралӣ ва назарияи муодилаҳои дифференсиалӣ оиданд. Риккатӣ усули интегронии як навъи муодилаи дифференсиалии тартиби якумро ёфт, ки дар математика бо номи муодилаи Риккати маъруф аст. Ба корҳои инженерӣ шуғл варзида, дар сохтмони дарготҳо низ иштирок намудааст.

Инчунин кобед

safol

САФОЛ

САФОЛ, маснуот ва ашёест, ки дар натиҷаи ба ҳам омехтани гилмоя, хамираи минералҳо, оксидҳо ва …