Маълумоти охирин

РИНДӢ

РИНДӢ (соли таваллуд ва вафот номаълум), шоири тоҷик (асри 19). Аз мардуми Намангон будааст. Пас аз таҳсили илмҳои расмии давр ба дарбори амир Умархон роҳ ёфта, дар доираи адабӣ мақоме пайдо кардааст. Аз Риндӣ якчанд ғазал ва байтҳои пароканда тавассути тазкира ва баёзҳои асрҳои 19 дастрас мебошанд. Мавзӯи асосии ашъори Риндӣ ишқ аст. Зимни ғазалиёти ишқӣ шоир афкори иҷтимоӣ ва пандуахлоқӣ баён намудааст. Абёти зерин намунае аз эҷодиёти Риндӣ мебошанд:
Шаб чу оҳам дар хаёли лаъли ёр омад бурун,
Ҷӯши ашк аз дидаам гавҳарнисор омад бурун.
Бар умеди он, ки гоҳе кокулафшон бигзарӣ,
Сунбул аз баҳри тамошо дар баҳор омад бурун.
Обуранги огаҳӣ аз мардуми дунё махоҳ,
Сабзаи ин боғи ғафлатобёр омад бурун.

Инчунин кобед

safol

САФОЛ

САФОЛ, маснуот ва ашёест, ки дар натиҷаи ба ҳам омехтани гилмоя, хамираи минералҳо, оксидҳо ва …