Маълумоти охирин
Главная / Гуногун / РИМАН Бернхард

РИМАН Бернхард

РИМАН Бернхард (17. 9. 1826, Брезеленс, Саксонияи Поён — 20. 7. 1866, Селаска, назди Интра, Италия) математики немис. Соли 1846 ба Университети Гёттинген дохил шуд. Лексияҳои К. Гаусс- ро шунида, сонитар бисёр ғояҳои ӯро инкишоф дод. Дар Университети Берлин (солҳои 1847— 49) аз К. Якоби (доир ба механи- ка) ва П. Дирихле (доир ба назарияи ададҳо) таълим гирифт. Соли 1849 ба Гёттинген баргашт ва бо В. Вебер дар соҳаи математика тадқи- қот бурд. Соли 1851 дар мавзӯи «Асосҳои назарияи умумии функсияи комплексии яктағйирёбанда» рисолаи докторӣ ҳимоя намуд. Аз соли 1854 приват-досент, аз 1857 профессор Университети Гёттинген. Лексияҳое, ки дар ин университет хонд, ба бисёр соҳаҳои математика (физикаи математикӣ, назарияи ҷозиба, электр ва магнетизм, функсияҳои эллипсӣ) бунёд гузошт. Тадқиқоти Риман дар инкишофи математикаи нимаи дуюми асри 19 ва аввали асри 20 мақоми баланд дорад. Ӯ асосгузори равияи геометрист дар назарияи функсияҳои таҳлилӣ. Риман яке аз поягузорони топология аст. Инчунин доир ба функсияҳои алгебравӣ, назарияи таҳлилии муодилаҳои дифференсиалӣ, қаторҳои тригонометрӣ, назарияи интеграл ва ғайра. тадқиқот бурдааст. Дар геометрия ба истилоҳ ф а з о ҳ о и Риманиро дохил кард ва назарияи онҳоро инкишоф дод, ки г е оме т р ияи риманӣ гӯянд.

Инчунин кобед

safol

САФОЛ

САФОЛ, маснуот ва ашёест, ки дар натиҷаи ба ҳам омехтани гилмоя, хамираи минералҳо, оксидҳо ва …