Маълумоти охирин
Главная / Гуногун / ФАҒФУР Сайид Муҳаммадҳусайни Лоҳиҷӣ

ФАҒФУР Сайид Муҳаммадҳусайни Лоҳиҷӣ

ФАҒФУР Сайид Муҳаммадҳусайни Лоҳиҷӣ (соли таваллуд номаълум — вафот 1619, Оллоҳободи Ҳиндустон), шоир ва донишманди эронӣ. Зодгоҳаш — Лоҳиҷони Гелон. Дар оғоз бо тахаллуси Расмӣ шеър мегуфт. Ба шаҳрҳои Эрон, Ироқ ва Гурҷистон сафар кардааст. Сипас, ба Ҳинд руй овард.
Мувофиқи маълумоти тазкираи «Майхона» девони ашъори иборат аз 5 ҳазор байт доштааст. Дар тазкираи мазкур «Соқинома»-аш (107 байт) омадааст. Дар тазкираҳои дигар низ шеърҳои зиёдаш сабт гардидаанд. Таассуроти сафарашро ба Гурҷистон дар манзумаҳои «Сифати замини Гурҷистон», «Сифати майфурӯш» иброз доштааст. Ин байт аз ӯст:
Ин қавми худнамо, ки набинанд айби хеш,
Оинна кош дар гарав тутиё кунанд.

Инчунин кобед

safol

САФОЛ

САФОЛ, маснуот ва ашёест, ки дар натиҷаи ба ҳам омехтани гилмоя, хамираи минералҳо, оксидҳо ва …