ФЕЙЕРБАХ (Ғеuerbach) Людвиг Андреас (28. 7. 1804, Ландсхут, Бавария —13. 9. 1872, Рехенберг, Нюрнберг), файласуфи материалист ва атеисти немис. Факултети илоҳиёти Университети Гейделбергро хатм кардааст. Аввал дар зери таъсири ақидаҳои Г. Гегел монда буд. Минбаъд идеализми ӯро сахт танқид карда, робитаи ақидаҳои Гегелро бо дин ошкор намуд. Нуқтаи асосии таълимоти …
Муфассал »ФЕДЧЕНКО Олга Александровна
ФЕДЧЕНКО Олга Александровна. (1845, Москва —1921, Петроград, ҳозира Ленинград), ботаник ва сайёҳи рус, аъзо-корр. Академияи Фанщои Петербург (аз 1906). Солҳои 1868—71 ҳамроҳи шавҳараш А. П. Федченко дар экспедисили Осиёи Миёна иштирок кардааст. Зиёда аз 1500 намуди растаниро гирдоварӣ намуда, соли 1873 доир ба флора ва фаунаи Осиёи Миёна китоберо бо …
Муфассал »ФЕДЧЕНКО Борис Алексеевич
ФЕДЧЕНКО Борис Алексеевич (1872—1947), ботаник ва географи советӣ. Ходими Хизматнишондодаи Илми СССР (1945). Писари А. П. ва О. А. Федченко. Университети Москваро хатм кардааст (1896). Профессори Институти география (1900 —18) ва Университети Ленинград (1918—31). Соли 1897 бори аввал ба Осиёи Миёна сафар карда, пиряхи қаторкӯҳи Алатови Таласро омӯхт. Дар сафарҳои …
Муфассал »ФЕДЧЕНКО Алексей Павлович
ФЕДЧЕНКО Алексей Павлович (19. 2. 1844, Иркутск —15. 9. 1873, пиряхи қишлоқи Монблан дар куҳҳои Алп), табиатшиноси рус. Университети Москваро хатм кардааст (1864). Федченко табиат, топография ва хоҷагии водии Зарафшонро омӯхта, қариб 800 намуди наботот ва 20 000 намунаи ҳайвонотро коллексия карда, харитаи қисми ҷанубии водии Зарафшонро тартиб дод. Минбаъд …
Муфассал »ФЕДОСЕЕВ Пётр Николаевич
ФЕДОСЕЕВ Пётр Николаевич (таваллуд 22. 8. 1908, Старинское, ҳоло раёни Пилнини вилояти Горкий), файласуф ва ходими ҷамъиятии советӣ, академики Академияи Фанҳои СССР (1960; аъзо-коррспондент 1946). Аъзои КПСС аз соли 1939. Институти давлатии педагогии Горкийро (1930) хатм кардааст. Солҳои 1936—41 ходими илмии Институти Фалсафаи Академияи Фанҳои СССР. 1941—55 дар аппарати Комитети …
Муфассал »ФЕДИН Константин Александрович
ФЕДИН Константин Александрович (24. 2. 1892, Саратов —15. 7. 1977, Москва), нависандаи советии рус, ходими ҷамъилтӣ, академики Академияи Фанҳои СССР (1958), Қаҳрамони Меҳнати Сосиалистӣ (196/), аъзо-коррспонденти Академияи санъати Германия (1958). Аз оилаи мешанин. Институти савдои Москваро тамом кард (1914). То соли 1918 дар Германия буд. Китоби аввалинаш — маҷмуаи ҳикояҳои …
Муфассал »ФЕДИН Андрей Трофимович
ФЕДИН Андрей Трофимович (16. 7. 1893—10. 1938), қаҳрамони ҷанги гражданӣ, иштирокчии фаъоли сохтмони сосиалисти дар Тоҷикистон. Аъзои КПСС аз соли 1918. Аввал челонгар буд. Аз феврали 1918 дар сафи Армияи Сурх. Дар ҳайати Дивизияи 2-юми савора дар Бухоро бар зидди босмачиён мубориза бурд. Аз апрели 1925 комиссари Бригадаи 7-уми махсуси …
Муфассал »ФАҲМИИ САМАРҚАНДӢ
ФАҲМИИ САМАРҚАНДӢ (соли таваллуд ва вафот номаълум), шоири тоҷик (асри 16). Писари Нодирии Самарқандӣ. Дар зодгоҳаш нашъунамо ёфт. Дар синни камолот ба Ҳиндустон сафар карда, пас аз муддате ба ватанаш баргашт. Мувофиқи маълумоти тазкираҳо дар сурудани ғазал ва муаммо устод будааст. Аз ашъораш намунаҳои каме боқист.
Муфассал »ФАҲМИИ БУХОРОӢ Ҳаким Маҷдуддин
ФАҲМИИ БУХОРОӢ Ҳаким Маҷдуддин (соли тавот ва вафот номаълум), шоири форс-тоҷик (асри 12). Таҳсили илм накарда буд, саводи хат надошт, «аммо кас ангушт бар ҳарфи ӯ натавонист ниҳод… фамо роияти шеър аз авҷи шеърӣ даргузашт, ҷумла маонии ӯ бикр буд» (Авфӣ, «Лубоб-ул-албоб»). Бо шуарои давраш, аз ҷумла Сайдуддини Кофӣ, мушоират …
Муфассал »ФАҚИРИИ БУХОРОӢ
ФАҚИРИИ БУХОРОӢ (соли таваллуд номаълум — вафот 1572), шоири тоҷик. Дар тазкираҳо ӯро шахси фурӯтану дарвешмашраб хондаанд. Ба касби кишоварзӣ рӯз мегузаронд. Ғазалсаро буд. Бо Мушфиқӣ мушоира кардааст. Абёти парокандааш боқист.
Муфассал »