Маълумоти охирин
Главная / Гуногун / ФЕДЧЕНКО Алексей Павлович

ФЕДЧЕНКО Алексей Павлович

fedchenko-ap

ФЕДЧЕНКО Алексей Павлович (19. 2. 1844, Иркутск —15. 9. 1873, пиряхи қишлоқи Монблан дар куҳҳои Алп), табиатшиноси рус. Университети Москваро хатм кардааст (1864). Федченко табиат, топография ва хоҷагии водии Зарафшонро омӯхта, қариб 800 намуди наботот ва 20 000 намунаи ҳайвонотро коллексия карда, харитаи қисми ҷанубии водии Зарафшонро тартиб дод. Минбаъд ӯ ба водиҳои паҳлуии дарёи Зарафшон ва Искандаркӯл омада, геоморфология ва олами ҳайвоноту набототи ин ҷойҳоро омӯхт ва қариб 4500 намунаи ҳайвоноту 400 намуди набототро коллексия карда, харитаи тамоми водӣ (аз Панҷакент то пиряхи Зарафшон)-ро тартиб дод. Соли 1871 ӯ қаторкӯҳи Паси Олойро бо нуқтаи баландтаринаш (7134 м; ҳоло қишлоқи Ленин) кашф кард. Асарҳои асосии у баъдӣ вафоташ бо номи «Саёҳати Туркистони А. П. Федченко» (русӣ; 1872—77) иборат аз 5 ҷилд нашр шуданд. Калонтарин пиряхи куҳии СССР (дар шимоли Ғарби Помир) номи Федченкоро дорад.
А. Тошев.

Инчунин кобед

safol

САФОЛ

САФОЛ, маснуот ва ашёест, ки дар натиҷаи ба ҳам омехтани гилмоя, хамираи минералҳо, оксидҳо ва …