Маълумоти охирин
Главная / Гуногун / ФЕДОСЕЕВ Пётр Николаевич

ФЕДОСЕЕВ Пётр Николаевич

fedoceev-pn

ФЕДОСЕЕВ Пётр Николаевич (таваллуд 22. 8. 1908, Старинское, ҳоло раёни Пилнини вилояти Горкий), файласуф ва ходими ҷамъиятии советӣ, академики Академияи Фанҳои СССР (1960; аъзо-коррспондент 1946). Аъзои КПСС аз соли 1939. Институти давлатии педагогии Горкийро (1930) хатм кардааст. Солҳои 1936—41 ходими илмии Институти Фалсафаи Академияи Фанҳои СССР. 1941—55 дар аппарати Комитети Марказии КПСС кор мекард. Солҳои 1955— 62 директори Институти фалсафаи Академияи Фанҳои СССР. Солҳои 1962—67 ва аэ 1971 ноиби президенти Академияи Фанҳои СССР. 1967—73 директори Институти марксизм-ленинизм дар назди Комитети Марказии КПСС. Асарҳои асосиаш ба масъалаҳои материализми таърихӣ, коммунизми илмӣ, атеизми илмӣ, танқиди фалсафа ва сосиологияи буржуазӣ оиданд. Аъзои Комитети Марказии КПСС аз соли 1961. Депутати Совети Олии СССР (даъватҳои 6—11). Бо ду ордени Ленин, 4 ордени дигар, инчунин медалҳо мукофотонида шудааст.
Асарҳо: Как возникло человеческое обшество, Москва. 1934; Рол народних масс и личности в истории, Москва. 1956: Сосиализм и гуманизм, Москва 1958; Марксизм и волюнтаризм, М„ 1968; В. И. Ленин и вопроси теории искусства, Москва 1968; Коммунизм и философия, Москва 1971; Марксизм в 20 в. Москва 1972; Диалектика современной эпохи, Москва 1975.

Инчунин кобед

safol

САФОЛ

САФОЛ, маснуот ва ашёест, ки дар натиҷаи ба ҳам омехтани гилмоя, хамираи минералҳо, оксидҳо ва …