Маълумоти охирин
Главная / Гуногун (страница 80)

Гуногун

ТУФОНИ НУҲ

tufon

ТУФОНИ НУҲ мувофиқи ривоятҳои мазҳабӣ ишора ба обхезиест, ки дар замони Нӯҳи пайғамбар ба амал омада буд. Вақте пайғамбарӣ ба Нӯҳ расид, гӯё худованд ба ӯ фармуд, ки дарахти соҷ бинишонад. Чун ниҳол калон шуд, аз чуби он киштие сохт, ки дарозиаш 300 газ, бараш 50 газ, баландиаш 30 газ …

Муфассал »

ТУХТАЕВ Турсун Маҳмудович

ТУХТАЕВ Турсун Маҳмудович (таваллуд 20. 4. 1937, раёни Конибодоми вилояти Ленинобод), патофизиологи советӣ, доктори илмҳои тиб (1973). Аъзои КПСС аз соли 1966. Баъди хатми Институти давлатии тиббии Тоҷикистон (1961) ординатори кафедраи патофизиологии институти номбурда. Аз соли 1966 ассистенти кафедраи патофизиологӣ, мудири лабораторияи марказии тадқиқоти илмии Институти тиббӣ. Солҳои 1976—82 мудири …

Муфассал »

ТӮСИИ ХУРОСОНӢ

ТӮСИИ ХУРОСОНӢ (соли таваллуд ва вафот номаълум), шоири форс-тоҷик (асри 16). Дар зодгоҳаш — шаҳри Тӯс таҳсил карда, нашъунамо ёфтааст. Дар тазкираҳо чун шоири ғазалсаро тавсиф шудааст. Девони ғазалиёт доштааст ва онро ба хато ба Хоҷа Насируддини Тӯсӣ нисбат додаанд. Абёти зер аз ӯст: Чу мӯе шуд таии лоғар зи …

Муфассал »

ТӮРАХОҶАИ АФСӮС

ТӮРАХОҶАИ АФСӮС (соли таваллуд номаълум — вафот 1855), шоири тоҷик. Аз оилаи шоир Хоҷа Убайдуллоҳи Солик. Асири дарбори Умархони Амирӣ буд. Зулму ситам ва макру фиреби бениҳояти амир дар дили шоир нисбат ба муҳити дарбор нафрат бедор кард. Аз дарбор ронда шуд ва ба зодгоҳаш баргашт. Тӯрахоҷаи Афсӯс шоири соҳибдевон …

Муфассал »

ТУРАЕВ Болтухон

ТУРАЕВ Болтухон (1888, Хуҷанд —1962, Ленинобод), яке аз муборизони фаъоли барқарор ва мустаҳкам намудани Ҳокимияти Советӣ дар Тоҷикистон. Аз оилаи сангтарош. Баъди ғалабаи Револютсияи Октябр Тураев аъзои Комитети хӯрокворӣ, аъзои Совети депутатҳои коргарону солдатҳои шаҳри Хуҷанд интихоб шуд. Соли 1918 ҳамроҳи 118 нафар ихтиёриёяи Хуҷанд барои мубориза бар зидди гвардиячиёни …

Муфассал »

ТУРАЕВ Алексей Болтухонович

ТУРАЕВ Алексей Болтухонович (таваллуд 2. 6. 1930, шаҳри Хуҷанд), ходими давлатии советӣ. Агрономи Хизматнишондодаи РССН Тоҷикистон (1957). Аъзои КПСС аз соли 1956. Техникуми хоҷагии қишлоқи Ленинобод (1947) ва Институти хоҷагии қишлоқи Тоҷикистонро (1952) хатм намуд. 1952—58 агроном, сарагроном, ҷонишини раиси колхози «Москва», 1958—60 раиси колхози ба номи Куйбышеви райони Хуҷанд, …

Муфассал »

ТУРАЕВ Абдураҳим Насриддинович

ТУРАЕВ Абдураҳим Насриддинович (1900, шаҳри Бухоро — маи 1936, Душанбе), роволюционер, иштирокчии фаъоли барқарор ва мустаҳкам кардани Ҳокимияти Советӣ дар Узбекистон ва Тоҷикистон. Аз оилаи табиб. Аъзои Партияи коммунистӣ аз соли 1920. Соли 1918 ҳукумати амирӣ ӯро ҳабс кард. Баъди ғалабаи Револютсияи Бухоро аз ҳабс озод шуд. Тураев дар мубориза …

Муфассал »

ТӮР

7276_1_807

ТӮР 1) бофтаи панҷарамонандест аз ришта ё аз симоҳан. 2) Олати моҳигирист, ки онро аз матоъ ё симтӯр бофанд.

Муфассал »

ТУРАЕВ Абдуллохоҷа Насриддинович

ТУРАЕВ Абдуллохоҷа Насриддинович (1893, шаҳри Бухоро—1. 9. 1929, дар ҳамон ҷо), революционер, яке аз ташкилотчиёни Партияи Коммунистии Бухоро. Аз оилаи табиб. Аъзои Партияи коммунистӣ аз соли 1918. Аввал ба ҳаракати ҷадидизм ҳамроҳ буд. Барои ташкили мактаби усули нав ва ташвиқоти зидди аморат соли 1916 ҳабс шуд. Бо кафолат аз ҳабс …

Муфассал »

Димнаи ТӮПРОҚҚАЛЪА

ТӮПРОҚҚАЛЪА, димнаи шаҳрқалъаи асрҳои 1—6, қароргоҳи шоҳони Хоразм (асрҳои 3—4)-ро номанд. Дар ҳудуди ҳозираи райони Берунии РАСС Қароқалп. Аз соли 1938 таҳти роҳбарии С. П. Толстов ҳафриёти археологӣ гузаронида шудааст. Шаҳр чоргӯша (500X350 м) буда, девор ва тиму бурҷҳо дорад, кӯчаи марказӣ аз дарвозаи Тӯпроққалъа ба оташкада меравад. Кӯчаҳои канорӣ …

Муфассал »