Маълумоти охирин
Главная / Гуногун (страница 79)

Гуногун

«ТӮҲФАТ-УТ-ТАВОРИХИ ХОНӢ»

«ТӮҲФАТ-УТ-ТАВОРИХИ ХОНӢ» Муаллиф мувофиқи анъанаи тазкиранависӣ аввал тахаллус, баъд сифатҳои шахсӣ, номи падар, ҷои талаллуд ва гоҳо авлоди шоиронро зикр карда, дар бораи давраи зиндагӣ, ҳунари шоирону олимон ва хусусияти эҷодиёти онҳо маълумот медиҳад. Дар «Тӯҳфат-ут-таворихи хонӣ» ҳамагӣ 3160 мисраъ шеър гирд оварда шудааст. «Тӯҳфат-ут-таворихи хонӣ» анъанаи тазкирапависиро аз пав …

Муфассал »

«ТӮҲФАТ-УЛ-АҲБОБ ФӢ ТАЗКИРАТ-ИЛ-АСҲОБ»

«ТӮҲФАТ-УЛ-АҲБОБ ФӢ ТАЗКИРАТ-ИЛ-АСҲОБ» тазкираи Возеҳ. Шарҳи ҳоли 145 шоиру адибро дарбар мегирад. Мирзо Салимбеки Салимӣ дар чопи сангии он (1914) 87 шоири дигарро илова намуд. «Тӯҳфат-ул-албоб фӣ тазкират-ил-асҳоб» муқаддима, қисмати асосӣ ва хотима дорад. Ба «Тӯҳфат-ул-албоб фӣ тазкират-ил-асҳоб» асосан шоирону олимони Бухоро ва қисман Самарқанд, Ӯротеппа, Хуҷанд, Ҳисор, Қаротегин, Каттақӯрғон, …

Муфассал »

«ТӮҲФАИ ШОҲӢ»

«ТӮҲФАИ ШОҲӢ» асари муаррихи тоҷик Мирзомуҳаммад Абдулазими Сомӣ, ки солҳои 1899— 1901 ба тоҷикӣ таълиф шудааст; аз давраи Убайдуллоҳхон то аҳди амир Абдулаҳад (1885—1910)-ро дар бар мегирад. Нисфи «Тӯҳфаи шоҳӣ» дар асоси асарҳои таърихие навишта шудааст, ки муаллиф онҳоро дар муқаддима ном мебарад. Қисми дигарашро муаллиф ҳамчун шоҳиди воқеаҳо нақл …

Муфассал »

«ТӮҲФАТ-УЛ-АҲБОБ»

«ТӮҲФАТ-УЛ-АҲБОБ» фарҳанги тафсирии забони тоҷикист, ки Ҳофиз Султоналии Ӯбаҳӣ соли 1530 таълиф кардааст; бо номҳои «Тӯҳфаи хонӣ», «Китоби луғати фурс», «Ҳалли луғоти порсӣ», «Луғати Ҳофизи Ӯбаҳӣ» низ ёд мешавад. Муаллиф дар таълифи ин фарҳанг аз «Луғати фурс»-и Асадии Тӯсӣ ва «Меъёри Ҷамолӣ»-и Шамси Фахрӣ истифода бурдааст. Тартиби луғат аз рӯи …

Муфассал »

«ТӮҲФАИ ХОНӢ» – «Таърихи Раҳимхонӣ»

«ТӮҲФАИ ХОНӢ», «Таърихи Раҳимхонӣ», асари таърихии муаррихи асри 18 Муҳаммадвафои Карминагист. Он воқеаҳои таърихии замони Абулфайзхони Аштархонӣ (ҳукмронӣ 1711—47) -ро то фурӯ нишондани шӯриши қабилаҳои туркман (сариқҳо, солорҳо ва текеҳо) дар Чорҷӯй дар бар мегирад, Қисаи асосии китоб ба таърифу тавсифи сулолаи Манғития оид аст. Асар ба забони тоҷикӣ таълиф …

Муфассал »

«ТӮҲФАИ СОМӢ»

«ТӮҲФАИ СОМӢ» тазкираест, ки Соммирзои Сафавӣ соли 1550 таълиф кардааст. Аз ҳафт саҳифа (боб) фароҳам омадааст. Дар бораи 713 нафар шоирони охири асри 15 ва нимаи авв. асри 16 маълумот медиҳад. Саҳифаи якум 18 нафар подшоху шоҳзодагони гуногуни замон, саҳифаи дуюм шарҳи ҳоли 141 нафар адибу олими даврро дар бар …

Муфассал »

ТӮҚУМБОЕВ Аалӣ

ТӮҚУМБОЕВ Аалӣ (тахаллс. Балқа; таваллуд 7. 11. 1904 раёни Кемини РСС Қирғизистон), нависандаи советии Қирғиз, яке аз асосгузорони адабиёти хаттии советии қирғиз, Шоири Халқии Қирғизистон (1945), Қаҳрамони Меҳнати Сосиалистӣ (1974), академики Академияи Фанҳои РСС Қирғизистон (1954). Аъзои КПСС аз соли 1927. Университети коммунистии Осиёи Миёнаро хатм кардааст (1927). Асарҳояш аз …

Муфассал »

ТӮҚСАБО

ТӮҚСАБО, сардори қисми махсуси ҳарбиёни хонро гӯянд. Ҳамчун унвони ҳарбӣ дар хониҳои Осиёи Миёна маъмул буд. Дар асри 19 он ба сардори умумии қисми ҳарбӣ табдил ёфт. Дар охири асри 19 ва ибтидои асри 20 Тӯқсабо дар силсилаи мансабҳои ҳарбии аморати Бухоро, ки аз 15-то иборат буд, дар ҷои ҳафтум …

Муфассал »

ТӮҚАЙ Абдулло

ТӮҚАЙ Абдулло (ном ва фамимия— Абдулло Муҳаммадорифович Тӯқаев; 26. 4. 1886, раёни Арки РАСС Тотористон —15. 4 1913, Қазон), шоир ва публисисти тотор. Аз соли 1895 дар Уральск мезист. Соли 1902 ба шеъргӯи шурӯъ намуд. Дар газетаҳо шеъру мақолаҳои публисистӣ чоп мекард. Соли 1907 дар Қазон бо нависандагони демократ шинос …

Муфассал »

ТУХТАМЕТОВ Тӯхтамет Ғаффорович

ТУХТАМЕТОВ Тӯхтамет Ғаффорович (1918, раёни Болшереченски вилояти Омск), муаррихи советӣ, доктори илмҳои таърих (1970), профессор (1971). Аъзои КПСС аз соли 1954. Иштирокчии Ҷанги Бузурги Ватанӣ (1941—45). Соли 1948 факултети таърихи Уничерситети давлатии Осиёи Миёна (Тошкент)-ро хатм намуд. Баъд дар институти театрию рассомӣ, Мактаби ҳаракати иттифоқҳои касаба ва институтиҳои педагогии ба …

Муфассал »