«ТӮҲФАТ-УЛ-АҲБОБ» фарҳанги тафсирии забони тоҷикист, ки Ҳофиз Султоналии Ӯбаҳӣ соли 1530 таълиф кардааст; бо номҳои «Тӯҳфаи хонӣ», «Китоби луғати фурс», «Ҳалли луғоти порсӣ», «Луғати Ҳофизи Ӯбаҳӣ» низ ёд мешавад. Муаллиф дар таълифи ин фарҳанг аз «Луғати фурс»-и Асадии Тӯсӣ ва «Меъёри Ҷамолӣ»-и Шамси Фахрӣ истифода бурдааст. Тартиби луғат аз рӯи ҳарфи аввалу охири калимаҳост. «Тӯҳфат-ул-аҳбоб» асосан луғоти қадимин забони тоҷикӣ ва баъзе калимаҳои шевагиро бо мисолҳо шарҳ медиҳад. Мисолҳо аз ашъори шоирони асрҳои 10—11 мебошанд. «Тӯҳфат-ул-аҳбоб» 2400 калима дорад. Дар охири луғат чанд ибора низ эзоҳ ёфтааст. Ҳ. Рауфов.