Маълумоти охирин
Главная / Гуногун / ТУРАЕВ Абдуллохоҷа Насриддинович

ТУРАЕВ Абдуллохоҷа Насриддинович

ТУРАЕВ Абдуллохоҷа Насриддинович (1893, шаҳри Бухоро—1. 9. 1929, дар ҳамон ҷо), революционер, яке аз ташкилотчиёни Партияи Коммунистии Бухоро. Аз оилаи табиб. Аъзои Партияи коммунистӣ аз соли 1918. Аввал ба ҳаракати ҷадидизм ҳамроҳ буд. Барои ташкили мактаби усули нав ва ташвиқоти зидди аморат соли 1916 ҳабс шуд. Бо кафолат аз ҳабс озод шуда, тартиботи зиддиамириро давом дод. Бо болшевикон ва Советҳои Когон (Бухорои Нав) робита дошт. Баъди ғалабаи Революқияи Кабири Социалистии Октябр дар Россия хонаи худро ба маркази гурӯхи революционӣ табдил дод. Гурӯҳи революционии ӯ яке аз шӯъбаҳои Партияи Коммунистии Бухоро буд. Шӯъба аввал соли 1920-ум 15 ячейка дошт. Соли 1920 ҷосусони амир шӯъбаро ошкор карданд. Тураев ба ҳабс гирифта шуд ва як рӯз пеш аз Револютсияи Бухоро ӯро ҷаллодони амир ба қатл расонданд. Образи Тураев дар банди чоруми қисми сеюми романи «Дохунда»-и С. Айнӣ тасвир ёфтааст. Я. Ҳотамов.

Инчунин кобед

safol

САФОЛ

САФОЛ, маснуот ва ашёест, ки дар натиҷаи ба ҳам омехтани гилмоя, хамираи минералҳо, оксидҳо ва …