ФИЛМОТЕКА (аз филм ва юнонӣ theke — хазина), муассисае (ё шӯъбаи киностудия, музей ва ғайра)-ро гӯянд, ки дар он навор (плёнка)-и филмҳоро нигоҳ медоранд. Соли 1948 Госфилмофонди СССР таъсис ёфтва аз ҳамон сол аъзои Федерасияи байналхалқии архиви киност (ФИАФ; таъсисаш 1938).
Муфассал »ФИЛИПЧЕНКО Анатолий Василевич
ФИЛИПЧЕНКО Анатолий Василевич (таваллуд 26. 2. 1928, деҳаи Давидовкаи раёни Лисински вилояти Воронеж), лётчики кайҳоннаварди СССР, генерал – майори авиасия (1978), ду карат Қаҳрамони Иттифоқи Советӣ (1969, 1974). Аъзои КПСС аз соли 1952. С. 1961 Академияи ҳарбии ҳавоии ба номи Ю. А. Гагаринро хатм намуд. Аз соли 1963 дар Отряди …
Муфассал »ФИЛИППИ II
ФИЛИППИ II (тақрибан 382—336 то мелод), шоҳи Мақдуния (аз 359). Падари Искандари Мақдунӣ. Ба давлати ягона муттаҳид намудани Мақдунияро ба охир расонд (359). Солҳои 359—336 Фессалия, як қисми Иллирия, Эпир, Фракия ва ғайраро забт кард. То 338 (пас аз муҳорибаи назди Херонея) Юнонро тобеи Мақдуния гардонид.
Муфассал »«ФИ-Л-БАРОҲИН ИЛО МАСОИЛ…»
«ФИ-Л-БАРОҲИН ИЛО МАСОИЛ…» номи пуррааш «Рисола фи-л-бароҳин ило масоил ил-ҷабр ва-л-муқобала», асарест, ки Умари Хайём соли 1074 таълиф кардааст. «Фи-л-бароҳин ило масоил» рисолаест дар боби математика, алгебра ва амалҳои он. Онро ба чунин фаслҳо ҷудо метавон кард: 1) муқаддима; 2) ҳалли муодилаҳои дараҷаи якум ва дуюм; 3) ҳалли муодилаҳои дараҷаи …
Муфассал »ФИЛДИНГ Ҳеври
ФИЛДИНГ (fielding) Ҳеври (1707 —1754), нависандаи англис, классики адабиёти Маорифпарварӣ. Муаллифи мазҳакаҳои «Дон Кихот дар Англия» (1734), «Пасквин» (1736), «Тақвими таърихии соли 1736» (1736) ва ғайра, романи ҳаҷвии «Ҷонатан Уайлд» (1743), «эпопеяи маэҳакавии мансур» — «Ҷозеф Эндрюс» (1742) ва романи «Таърихи зиндагии Том Ҷонси ятим» (1749). Ин роман машҳуртарин асари …
Муфассал »ФИЛАТОВ Дмитрий Петрович
ФИЛАТОВ Дмитрий Петрович (12. 2. 1876, деҳаи Тёплый Стан, ҳоло деҳаи Сеченовои вилояти Горкий — 18. 1. 1943, Москва), эмбриологи советӣ, асосгузори эмбриологияи таҷрибавӣ дар СССР, бунёдгузори мактаби илмии Москва, профессори Университети давлатии Москва (аз 1937). Доир ба асосҳои назариявии механизми инкишоф ва қонуниятҳои онтогенез тадқиқот бурдааст. Асарҳо: Сравнително-морфологическое направление …
Муфассал »ФИЛАТОВ Нил Фёдорович
ФИЛАТОВ Нил Фёдорович 1847, деҳаи Михайловка, ҳозира вилояти Пенза —8. 2. 1902, Москва), духтури рус, яке аз асосгузорони педиатрия дар Россия, бунёдгузори мактаби илмӣ. Аз соли 1891 профессор ва роҳбари кафедраи мустақили 1-уми бемориҳои бачагонаи Университети Москва. Бемории обакон, мононуклеози сироятӣ, аввалин аломатҳои сурхча ва ғайраро тафсир кардааст. Асарҳо: Лекции …
Муфассал »ФИЛАТОВ Владимир Петрович
ФИЛАТОВ Владимир Петрович (27.2. 1875, деҳаи Михайловка, ҳозира вилояти Пенза—30. 10. 1956, Одесса), офталмолог ва ҷарроҳи советӣ, академики Академияи фанҳои СССР (1944) ва Академияи фанҳои РССУ (1939), Қаҳрамони Меҳнати Социалистӣ (1950). Аз соли 1911 професор ва мудири кафедраи бемориҳои чашми Университети Новороссийск (Одесса). Асарҳои Филатов доир ба масъалаҳои трансплаптасияи қаршғяи …
Муфассал »ФИКРИИ САЛҶУҚӢ
ФИКРИИ САЛҶУҚӢ Абдуррауф ибни Мавлави Абдулфаттоҳи Салҷуқӣ (1908, шаҳри Ҳирот—1968, ҳамон ҷо), адабиётшинос ва шоири афғон. Ҷараёни зиндагӣ ва камолоташ дар Ҳирот гузаштааст. Ба адабиёт ва санъати нафиса таваҷҷӯҳи хос дошт. Хатти настаълиқро зебо ва олӣ менавишт. Солҳои 1939—42 муовиии Анҷумани адабии Ҳирот, баъдҳо ходими Музеи Ҳирот ва мудири маҷаллаи …
Муфассал »ФИКРӢ Сайид Муҳаммади Ҷомабоф
ФИКРӢ Сайид Муҳаммади Ҷомабоф (соли таваллуд номаълум — вафот 1565), шоири форс-тоҷик. Дар тазкираҳо нисбак ӯ Ҳиравӣ, Турбатӣ, Машҳадӣ омадааст. Айёми ҷавонӣ ва таҳсилоташ дар Машҳад гузашгааст. Дар охири умраш муддате дар Ҳинд буд ва ҳамон ҷо вафот кард. Фикрӣ бештар ба сурудани рубои майл доштааст ва лақаби Мири рубоӣ» …
Муфассал »