Маълумоти охирин
Главная / Гуногун / ФИЛИПЧЕНКО Анатолий Василевич

ФИЛИПЧЕНКО Анатолий Василевич

filipchenko-av

ФИЛИПЧЕНКО Анатолий Василевич (таваллуд 26. 2. 1928, деҳаи Давидовкаи раёни Лисински вилояти Воронеж), лётчики кайҳоннаварди СССР, генерал – майори авиасия (1978), ду карат Қаҳрамони Иттифоқи Советӣ (1969, 1974). Аъзои КПСС аз соли 1952. С. 1961 Академияи ҳарбии ҳавоии ба номи Ю. А. Гагаринро хатм намуд. Аз соли 1963 дар Отряди кайҳоннавардон. Октябри 1969 ба сифати командири киштии кайҳонии «Союз-7» (ҳамроҳи В. Н. Волков ва В. В. Горбатко) ба кайҳон парвоз кард. 2 декабри 1974 ба сифати командири киштии кайҳошш «Союз-16» (ҳамроҳи Н. Н. Рукавишников) маротибаи дуюм ба кайҳон парвоз намуд. Филипченко дар ин парвоз агрегати нави ба ҳамдигар васл кардани киштиҳои кайҳониро аз руи программаи советию америкоии «Союз» — «Аполлон (ЭПАС) санҷид. Бо ду ордени Ленин ва дигар ордену медалҳо мукофотонида шудааст.

Инчунин кобед

safol

САФОЛ

САФОЛ, маснуот ва ашёест, ки дар натиҷаи ба ҳам омехтани гилмоя, хамираи минералҳо, оксидҳо ва …