Маълумоти охирин
Главная / Гуногун / ФАХРИИ ҲИРАВӢ

ФАХРИИ ҲИРАВӢ

ФАХРИИ ҲИРАВӢ Мавлоно Султонмуҳаммад ибни Амирмуҳаммади мутахаллис ба Амирӣ (соли таваллуд номаълум, Ҳирот — вафот тақрибан 1562—63, Хиндустон), шоир ва адабиётшиноси форс-тоҷик. Бештар дар Ҳирот зиндагӣ ва эҷод мекард. Аз Фахрии Ҳиравӣ асарҳои зерин боқӣ мондаанд: 1) «Латоифнома» (1521—22) —тарҷумаи фороии «Маҷолис-ун-на- фоис»-и Навоӣ буда, як боби илова дорад, ки шарҳи ҳол ва намунаи ашъори 189 нафар шоири дар «Маҷолис-ун-нафоис» зикр нашударо дар бар мегирад. Соли 1945 дар Эрон ба табъ расидааст. 2) «Тӯҳфат-ул- ҳабиб». 3) «Ҷавоҳир-ул-аҷоиб». 4) Равзат-ус-салотин». Як асари Фахрии Ҳиравӣ «Саноеъ-ул-ҳасан» аз илми бадеъ, қофия ва арӯз баҳс мекунад. Мавзӯи баҳси асари дигари ӯ «Ҳафт кишвар» рӯйдодҳои таърихӣ, афсонаю асотир ва масъалаҳои гуногуни ахлоқист. Фахрии Ҳиравӣ дар ҳаҷми 5000 байт девоне низ мураттаб сохтааст, ки як нусхаи он дар Ганҷинаи дастнависҳои шарқии Академияи Фанҳои РСС Тоҷикистон маҳфуз аст.
Адабиёт: Болдырев А. Н., Персидские переводи «Маджалис-ан-нафаис» Наваи, «Уч. зап. ЛГУ. сср. востоковедческих наук», в. 3, Л., 1052. С. Имронов.

Инчунин кобед

safol

САФОЛ

САФОЛ, маснуот ва ашёест, ки дар натиҷаи ба ҳам омехтани гилмоя, хамираи минералҳо, оксидҳо ва …