Маълумоти охирин
Главная / Гуногун (страница 62)

Гуногун

ФАСЕҲИИ ҶУРҶОНӢ

ФАСЕҲИИ ҶУРҶОНӢ (соли таваллуд ва вафот номаълум), шоири форс-тоҷик (асри 11). Ба қавли Амин Аҳмади Розӣ, Фасеҳии Ҷурҷонӣ «Вомиқу Азро» ном маснавие доштааст. Аз он маснавӣ байтҳои зерин дар «Ҳафт иқлим» дарҷ ёфтаанд: Ҳар он, к-ӯ мардумонро хор дорад, Бидон, к-ӯ душмани бисёр дорад. Балоро худ ҳамин як ҳол некӯст, …

Муфассал »

ФАСЕҲИИ ХОФӢ

ФАСЕҲИИ ХОФӢ , Фасеҳ Аҳмад ибни Ҷалолуддин Муҳаммад ибни Яҳе (таваллуд 1375— соли вафот номаълум), шоир ва муаррихи форс- тоҷик. Фасеҳии Xофӣ ба забонҳои форсӣ-тоҷикӣ ва арабӣ шеър гуфтааст. Абёти парокандаи ӯ дар тазкираҳо ва дар асари таърихиаш «Муҷмали Фасеҳӣ» (таълифаш 1446/47) дарҷ гардидаанд. «Муҷмали Фасеҳӣ» таърихномаест иборат аз муқаддима, …

Муфассал »

ФАСЕҲИИ АНСОРИИ ҲИРАВӢ

ФАСЕҲИИ АНСОРИИ ҲИРАВӢ (соли таваллуд номаълум — вафот 1636/37), шоири тоҷик. Дар Ҳирот ба дунё омада, касби камол кардааст. Бо шоирони ҳамзамонаш Ҳаким Шифоӣ ва Мирзо Ҷалоли Асир дӯстӣ ва мушоират доштааст. Нозими Ҳиротӣ ашъори ӯро пайравӣ кардааст. Намунаҳои ашъораш (ғазал, қитъа ва рубоиҳо) дар тазкираҳои гуногун — «Тазкират-уш-шуаро»-и Мутрибӣ, …

Муфассал »

ФАСЕҲА Ҷамилахонум

ФАСЕҲА Ҷамилахонум, Ҷасмилаи Исфаҳонӣ, нисбаи Яздӣ ҳам доштааст (соли таваллуд ва вафот номаълум), шоираи эронӣ (асри 16). Зодгоҳаш Язд. Дар айни камолот ба Исфаҳон омад. Сипас, ба Ҳиндустон сафар кард ва ба дарбори Ҷалолуддин Акбар роҳ ёфт. Дар анвои гуногуни шеър даст доштааст. Намунаҳои шеъраш тавассути тазкираҳо расидаанд. Ин рубоӣ …

Муфассал »

ФАРҲАТ

ФАРҲАТ (тахаллус; фамилия ва номаш Ҳасанов Муҳиддин; 7. 8. 1924, Хуҷанд —30. 5. 1984, Душанбе), шоири советии тоҷик. Аз оилаи деҳқон. Аъзои КПСС аз соли 1948. Иштирокчии Ҷанги Бузурги Ватанӣ (1941 —45). Институти давлатии педагогии Ленинободро хатм кардааст (1948). Солҳои 1953—54 мудири шӯъбаи адабиёт ва санъати газетаи «Тоҷикистони Сурх» (ҳоло …

Муфассал »

«ФАРҲАНГИ АМИД»

«ФАРҲАНГИ АМИД» фарҳанги тафсирии забони форсӣ, таълифи луғатнависи эронӣ Ҳасани АМИД. Зиёда аз 25 ҳазор калимаро дар бар мегирад. Дар муқаддимии он, ки ба муаллиф тааллуқ дорад, баъзе ҳиссаҳои нутқ муфассал шарҳ ёфтааст. Пас аз он дар фасли ҷудогона оид ба қоидаву нстилоҳоти забоии форсӣ ва арабӣ маълумот медиҳад. Сохти …

Муфассал »

ФАРҚӢ

ФАРҚӢ (соли таваллуд ва вафот номаълум), шоири тоҷик (асри 16). Шогирди Нисории Бухороӣ. Бино ба маълумоти Нисорӣ, Фарқӣ бештар ба эҷоди қасида майл доштааст. Дар ашъораш ба масоили дунявӣ диққат додааст. Аксар қасидаҳояшро дар қофиятайн (ду қофия) гуфтааст. Аз осораш абёти пароканда боқист. Ин байт аз ӯст: На лаъл аст …

Муфассал »