Маълумоти охирин
Главная / Гуногун (страница 63)

Гуногун

ФАРҚАДӢ Муҳаммад ибни Умар

ФАРҚАДӢ Муҳаммад ибни Умар (соли таваллуд ва вафот номаълум), шоири форс-тоҷик (асри 12). Аз осори адабии ӯ 74 байт (аз қасоид, ғазалиёт, рубоиёт ва қитаоташ) дар «Лубоб-ул-албоб»-и Авфӣ омадааст. Мавзӯи ашъораш мадҳ, ишқ, панду насиҳат ва ғайра аст. Дар як қасидаи иборат аа 38 байт дар ҳар мисраъ калимаҳои «теғу …

Муфассал »

ФАРҒОН

angur

ФАРҒОН, фарғуч, яке аз усулҳои муфиди таъмиру таҷдиди токзор. Навдаи беҳтарину дарози токро аз мобайн хокпуш (дар чуқурии 40—50 см) мекунанд. Навда аз кундаи асосӣ баҳра бурда нашъунамо меёбад ва дар хок реша меронад. Аввали баҳори оянда навдаро аз танаи асосӣ ҷудо карда, ба ҷои дилхоҳ мешинонанд. Аксаран қаламчаҳои Фарғон …

Муфассал »

ФАРШӢ Ҳабибуллоҳи Самарқандӣ

ФАРШӢ Ҳабибуллоҳи Самарқандӣ (соли таваллуд ва вафот номаълум), шоири тоҷик (асри 16). Шогирди тазкиранигор Мутрибии Самарқандӣ. Аз ашъори Фаршӣ якчанд ғазал ва байтҳои пароканда тавассути тазкираҳо то замони мо расидаанд. Аз ду ғазалаш (дар тазкираи Мутрибӣ) бармеояд, ки ӯ шахси озодандеш, ринд будааст. Фаршӣ ҳунари тазҳиб (тиллокорӣ) ва тасвиру муҳр …

Муфассал »

ФАРХАВ

angur

ФАРХАВ, 1) пиростани ток, як навъ тадбири агротехикист, ки ҳар сол барои танзими сабзиш, инкишоф ва серҳосилии ток ба амал мебароранд. Фархав парвариши токро осон намуда, барои аз рӯшпоӣ ва гармӣ пурра истифода намудани он имкон медиҳад. Дар ноҳияҳое, ки токро хокпӯш мекунанд, онро тирамоҳ (моҳҳои сентябр— октябр) ва баҳор …

Муфассал »

ФАРРУХӢ

ФАРРУХӢ (Абулҳасан Алӣ ибни Ҷулуғи Систонӣ (980, Систон—1037, Ғазнин), шоири форс-тоҷик. Фаррухӣ аз хурдсолӣ ба шеъргӯи пардохта, зуд дар шоирӣ ном баровард. Илова бар ин ӯ дар чангзанию овозхонӣ ҳам ҳунарманд будааст. Дар ҷустуҷӯи мамдӯҳ ба дарбори ҳокими Чағониёи Абулмузаффар омад. Коргузори Абулмузаффар Амид Асъад аз маҳорати шоирии Фаррухӣ моту …

Муфассал »

ФАРРУХИИ ЯЗДӢ Мирзомуҳаммад

ФАРРУХИИ ЯЗДӢ Мирзомуҳаммад (1888, Язд—1939, Теҳрон), шоири эронӣ. Дар мактаби англисӣ мехонд. Соли 1904 барои ақидаҳои озодихоҳонааш аз ин мактаб ронда шуд. Шоир коргариро касб кард. Иштирокчии фаъоли инқилоби буржуазии демократии солҳои 1905—11 Эрон (Инқилбои Машрута) буд ва дар ашъораш ғояҳои озодию инқилобро тарғиб менамуд. Соли 1910 барои шеъри бар …

Муфассал »

ФАРРУХ Бурҳон

ФАРРУХ Бурҳон (тахаллус; фамилия ва номаш Маҳкамов Бурҳон; таваллуд 10. 8. 1929, деҳаи Саримазори раёни Конибодом, вилояти Ленинобод), шоири советии тоҷик. Аз оилаи хизматчӣ. Аъзои КПСС аз соли 1952. Институти давлатии педагогии Ленинободро хатм кардааст (1948). Муҳаррири редаксияи муттаҳидаи газетаи «Пионери Тоҷикистон» ва журнали «Машъал» (1957—62), мудири шӯъбаи адабиёти бадеии …

Муфассал »

«ФАРОМУРЗНОМА»

«ФАРОМУРЗНОМА» манзумаи ҳамосиест дар ҳудуди 1500 байт, ки тақрибан охири асри 11—аввали асри 12 аз тарафи муаллифи номаълуме навишта шуда, достонеро аз қаҳрамониҳои Фаромурз — писари Рустам дар бар мегирад. Мазмуни мухтасараш ин аст: Рӯзе паҳлавонон Рустам, Гев, Гударз, Тус, Фарибурз ва дигарон дар дарбор нишаста буданд, ки аз назди …

Муфассал »