Маълумоти охирин

Нафисӣ Саид

Нафисӣ Саид (18.6.1896, Теҳрон – 14.11.1966, ҳамон ҷо), олим, нависанда ва ҳодими ҷамъиятии Эрон, Писари Алиакбари Нафисӣ, Нафисӣ таҳлили ибтидоиро дар мактабҳои “Шараф” ва “Илмия”-и Теҳрон, миёнаро дар Швейсария ва олиро дар Университети Сорбоннаи Франсия ба анҷом расондааст. Солҳои 1918-34 дар вазоратҳои гуногуни Эрон кор карда, баробари ин дар омӯзишгоҳҳои ҳарбӣ, дипломатӣ ва мактаби олии навъи политехникӣ-“Дорулфунун” аз забону адабиёти форсӣ ва таърих дарс дарс дод. Аз соли таъсиси донишгоҳи Теҳрон (1934) Нафисӣ профсоюз интихоб шуда, то аввали солҳои 50 ин вазифаро ба ҷо овард. Аввали солҳои 50 дар натиҷаи фишори сиёсӣ ва зиддият бо роҳбарияти донишгоҳ Нафисӣ ба нафақа баромад.

Асарҳои нахустини илмии тадқиқотии ӯ аввали солҳои 20 навишта шудааст.Нафисӣ олими сермаҳсул аст. Доир ба таърихи адабиёти классикии форс-тоҷик, адабиёти муосири Эрон, таърихи Эрон ва Осиёи Миёна, адаӣиёти классикӣ ва советии рус, адабиёту фарҳанги халқҳои советӣ, забон ва адабиёти мамлакатҳои Европаи Ғарбӣ бештар аз 800 мақола, асари илмӣ ва адабӣ, таълиф нвмуда, як силсила асарҳои адабӣ ва таърихиро ба нашри интиқодӣ ҳозир кардааст. Асарҳои Нафисӣ, монанди «Аҳвол ва ашъори Абӯабдуллоҳ ибни Ҷаъфар Муҳаммади Рӯдакии Самарқандӣ» (ҷилди 1—3, 1930—40), «Таърихи тамаддуни Эрони Сосонӣ» (1952), «Шоҳкориҳои насри форсии муосир» (ҷилди 1—2, 1950—53), «Таърихи иҷти- моӣ ва сиёсии Эрон дар асри ҳозир» (1956), «Зиндагӣ ва кору хунари Максим Горкий» (1956), «Таъ­рихи адабиёти русӣ» (ҷилди 1, 1965), «Таърихи назму наср дар Эрон ва дар забони форсӣ» (ҷилди 1—2, 1965) таълифоти муҳимми илмианд.

Нафисӣ ҳамчун нависанда ҳам шӯҳрат дорад. Ӯ муаллифи ду маҷмӯаи ҳикояҳо: «Ситорагони сиёҳ» (1937) ва «Моҳи Нахшаб» (1949), се роман: «Фарангис» (1931), «Нимароҳи биҳишт» (1953), «Оташҳои нуҳуфта» («Хисобҳо дуруст дарнаёмад», 1966), инчунин «Гулчине аз девони Саид Нафисӣ» (1954) ва драмаи «Охирин ёдгори Нодиршоҳ» (1926) аст. Дар асарҳои бадеии нависанда масъалаҳои муҳимми ҳаёти сиёсию иҷтимоии Эрон ба миён гузошта шудаанд.

Нафисӣ узви Фарҳангистони Улуми Эрон (аз соли 1935), яке аз асосгузорон ва фаъолони ҷамъияти дустӣ ва равобити фарҳангии Эрон бо Иттифоқи Советӣ, ноиб-президенти ҷамъияти «Эрон — Ҳиндустон», аъзои фахрии ҷамъияти «Эрон — Фран­сия», аъзои Совети умумиҷаҳонии сулҳ буд. Ӯ дар донишгоҳҳои Бамбай, Алигарҳ, Қоҳира, Бейрут, Бағдод, Кобул, Деҳлӣ, Ҳайдаробод оид ба таърихи адабиёти классикии форс- тоҷик лекция ва маърӯзаҳо хондааст. Нафисӣ борҳо ба Иттифоқи Советӣ омадааст. Ӯ дар ҷашнҳон 1000-солигии таваллуди Фирдавсй (1934), 20- солагии таъсиси РСС Узбекистон (1944), 20-солагии ташкили РСС Озарбойҷон (1945), 220-солагии таъсиси АФ СССР (1945), 500-солагии таваллуди Навоӣ (1948), 150-солагии М. Ф. Охундов (1962), 550-солагии тавал­луди Абдурраҳмони Ҷомӣ (1964), инчунин дар съезди 2-юми нависандагони СССР (1954) ва Конгресси25- уми шарқшиносони дуньё (Москва, 1960) иштирок кардааст. Нафисӣ ду маротиба (1960, 1964) ба Тоҷикистон ома- да, бо ҳаёти илмию мадании респуб­лика аз наздик шинос гардидааст. Нафисӣ соли 1964 доктор ва профессори фахрии Университети Давлатии Тоҷикистон интихоб шуда буд.

Нафисӣ нисбат ба Тоҷикистон ва халқи тоҷик муҳаббати зиёд дошт. Ин муҳаббати худро шоир дар шеъри «Ба дӯстони тоҷикам» (1960) самимона ифода кардааст. Нафисӣ ба шоирон, нависандагон ва олимони машҳури тоҷик С. Айнӣ, М. Турсунзода, Б. Ғафуров, М. Осимӣ, А. Мирзоев робитаи дӯстона дошт. Ӯ бо намунаҳои эҷодиёти шоирону нависандагони тоҷик ши­нос буд ва ба адабиёти советии тоҷик баҳок баланд медод. Нафисӣ дар нутқи дар съезди 2-юми нависандагони СССР эҷодкардааш роҷеъ ба адабиёти советии тоҷик ва адибони барҷастаи он чунин гуфтааст: «Барои мо махсусан роҳи республикаҳои советии Осиёи Миёна, ки таърихани ба мо наздиканд ва дар як муддати кӯтоҳ ба гул-гул шукуфтани маданияти худ ноил гардидаанд, ибратомӯз аст. Асарҳои нависандагони намоёви тоҷик Садриддин Айнӣ, Мирзо Турсунзода, Миршакар, Улуғзода, Икромӣ… барои ҷавонони мо дар роҳи ба вуҷуд овардани адабиёти миллӣ ва ҳақиқатан халқии худ намунаи сазовор аст».

Нафисӣ махсусан ба осори илмию адабии С. Айнӣ баҳои баланд додааст. Ӯ нахустин олими хориҷӣ буд, ки ба китоби С. Айнӣ «Намунаи адабиёти тоҷик» тақриз навишта, аҳамияти онро таъкид намуда буд: «Ба ҳар эронӣ низ фарз аст, ки лоақал як бор ин китоби нафисро, ки азизтарин раҳоварди бародарони туркистонии мост, бихонад».Нафисӣ соли 1944 зимни ширкат дар ҷавши 20-солагии рес­публикаи Ӯзбекистон бо устод Айнӣ шинос шуд. Таассуроти амиқи аз ин вохӯрӣ гирифтаашро Нафисӣ баъдтар дар ёддошти худ чунин нақл кардааст: «Дар Тошканд бо касе, ки солҳо буд орзуи дидорашро доштам, рӯ ба рӯ шудам. Андоми лоғар ва қади мутавассит ва симои пур аз ҳушу фаросат ва чашмони пурфуруғи Садриддин Айнӣ маро гирифт. Дидам сурати он марди бузург, ки дар баробари ман аст, бо сирате, ки аз муаллафоти вай дар зеҳни ман ҷойгир шуда буд, комилан яксон аст». Аз эҷодиёти бадеии Нафисӣ чанд ҳикоя дар Тоҷикистон нашр шудааст: «Дами вопасин» (1973), «Ситораи ман» (1976), «Роҳи одам шудан» (1976) ва ғайра.

Адабиёт: Наҷмонов Ф, Саид Нафисй — нависандаи бомаҳорати Эрон, «Мактаби Со­ветӣ», №10,  1978; КомиссаровД. С., С. Нафиси — выдающийся ученый и писатель современного Ирана, «На­роды Азии и Африки», 1962, №2; Гиунашвили Л. С., Творческий путь Саида Нафиси, Тбилиси, 1976.

Инчунин кобед

book-1

САФИНА

САФИНА (арабӣ — киштӣ), 1) воситаи нақлиёти обӣ. Ба ин маънӣ Манучеҳрии Домғонӣ-мегӯяд: Аспи ман …