Маълумоти охирин
Главная / Техника / РАДИОАЛОҚА

РАДИОАЛОҚА

radioaloka

РАДИОАЛОҚА, як навъ алоқпи электрист, ки тавассути радиомавҷҳо сурат мегиранд. Барои Радиоалоқа ҳамаи диапозонҳои радиомавҷҳо мешаванд. Истифодаи радиобасомадҳо ва қоидаҳои Радиоалоқаро Конвенсияи байналхалқӣ (аз 1 июли 1908 ҷорист) муқаррар намудааст. Барои муқаррар кардани Радиоалоқа дар пункти ирсолкунанда ҷиҳозӣ ирсол (радиопе­редатчик ва антеннаи ирсол) ва дар пункти қабулкунанда ҷиҳози қабул (радиоприёмник ва антеннаи қабул) мегузоранд. Лаппишҳои гармоникии дар передатчик генеронидашуда, ки мансуби ягон диапазони радиобасомадҳоанд, вобаста ба ахбори ирсолшаванда модулятсия мешаванд (ниг. Модулятсия). Ин лаппишҳои модулятсияшудаи радиодиапазон радиосигналҳоро ташкил медиҳанд. Радиосигнал аз передатчик ба антен­наи ирсол меояд, ки тавассути он дар фазои атрофи антенна мавҷҳои электромагнитии мувофиқан модулятсияшуда ангехта мешаванд. Ин мавҷҳо паҳн шуда, то антеннаи қабул меоянд ва дар он лаппишҳои электрие меангезанд, ки онҳо сипас ба радиоприёмник дохил мешаванд. Радиосигнали қабулшуда басо суст аст, зеро то антеннаи қабул зиссаи ночизи энергияи ирсолшуда мерасад (ниг. Паҳншавии радиомавҷҳо). Бинобар ин радтосигналро дар радиоприёмник тавассути таҷҳизоти махсус (пурқувваткунандаҳои элек­тронӣ) пурзур мекунанд. Сигналҳои пурқувватшуда сипас демодулятмияе детектиронида мешававд (ниг. Детектиронӣ). Дар натиҷа сигнале ҷудо мешавад, ки ба сигнали дар передатчик модулятсияшуда шабоҳат дорад. Минбаъд ин сигнал бо ёрии олати такрор ба ахборе табдил дода мешавад, ки он нусхаи ахбори ибтидоӣ мебошад.

Соли 1885 A. С.Попов ва баъди як сол Г. Маркоги приёмникҳои ҳассос, ки барои ирсоли бесимы ахбор, яъне барои Радиоалоқа қобили истифодаанд, сохтанд. А. С. Попов аппарати худро барои ирсоли бесимӣ сигналҳо аввалин бор 7 май 1895 намоиш дод, аз ин ру маҳз ҳамин рӯзро санаи тавлиди Радиоалоқа ҳисобидан мумкин аст.

Хатҳои Радиоалоқа барои ирсоли ахбори телеграфӣ, телеграммаҳо, сели ахбори рақамӣ, тнчунин барои ирсоли баргомаҳот телевизион (одатан бо мавҷҳои метрӣ ва аз ин кӯтоҳтар) истифода мешаванд. Аз рӯи таъинот ва дурии амал Радиоалоқа хатҳои байналхалқӣ ва хатҳои дохилии умумииттифоқӣ доранд. Хатҳои умумииттифоқии Радиоалоқа магистралӣ (байни пойтахти СССР ва пойтахтҳои республикаҳои иттифоқию марказҳои кишвару вилоятҳо ва байни ху­ди ин марказҳо) ва з о н а в ӣ (дар ҳудуди вилоятҳо, районҳо) мешаванд. Инкишофи хатҳои Радиоалоқаро тавре ба план мегиранд, ки ба Систе­маи ягонаи автоматони да­шудаи алоқа дохил кардани онҳо мумкин гардад. Тадбиру восилаҳои ташкилӣ-техникие, кт барои муқаррар намудани Радиоалоқа ва таъмини кори oн истифода мешаванд, умури Радиоалоқаро ташкил медиҳанд; умури Радиоалоқа дар навбати худ вобаста ба таъинот, дурии амал, сохт ва дигар аломатҳояш гуногун мешавад. Macалан, умури Радиоалоқаи доимӣ (байни пунктҳои муайян) ва сайёр (байни радиостансияи доимӣ ва сайёр ё бай­ни худи радиостансияи сайёр), умури радиошунавонӣ ва телевизион ва ғайра шохаҳои умури Радиоалоқаагд. Ниг. низ Алоқа, Алоқаи кайҳонӣ.

Ад: Гукин В. И., Пчёлкин В. Ф., Радиосвязь с помощью искусственных спутников земли, Мм 1970; Гусятин- сний И. А., Пирогов А. А., Радио­связь и радиовещание. М.1974.

Инчунин кобед

vozdushno-kosmicheskiy-samolot-spaceshiptwo-01

САМОЛËТИ ҲАВОИЮ КАЙҲОНӢ

САМОЛËТИ ҲАВОИЮ КАЙҲОНӢ, аппарат париши реактивии идорашавандаи кайҳониро гӯянд, ки сатҳи баранда дорад ва бисёркарата …