Маълумоти охирин
Главная / Гуногун / ФАРРУХ Бурҳон

ФАРРУХ Бурҳон

ФАРРУХ Бурҳон (тахаллус; фамилия ва номаш Маҳкамов Бурҳон; таваллуд 10. 8. 1929, деҳаи Саримазори раёни Конибодом, вилояти Ленинобод), шоири советии тоҷик. Аз оилаи хизматчӣ. Аъзои КПСС аз соли 1952. Институти давлатии педагогии Ленинободро хатм кардааст (1948). Муҳаррири редаксияи муттаҳидаи газетаи «Пионери Тоҷикистон» ва журнали «Машъал» (1957—62), мудири шӯъбаи адабиёти бадеии оригиналии нашриёти «Ирфон» (1962 —65), сармуҳаррири Комитети давлатб оид ба корҳои нашриёт, полиграфия ва савдои китоби РСС Тоҷикистон (1965—78) ва аз соли 1978 ҷонишини сармуҳаррири нашриёти «Маориф». Муаллифи маҷмуаи «Субҳи баҳор» (1964), «Асрори як мактуб» (1965), «Васфи ҷавонӣ» (1970), «Гунбази сеҳрнок» (1974), «Суруди зиндагӣ» (1976), «Фарзанди Ватан» (1978), «Хандаи Иқбол» (1979), «Икбол» (1981) ва ғайра аст. Дар ашъори Фаррух Ватан, Партияи комунистӣ, ҷамъияти сосиалистӣ, меҳнат ва саодати одамони советӣ тараннум шудааст. Шеърҳояш ба забонҳои халқҳои бародар тарҷума шудаанд. Маҷмуаи шеърҳои М. Танк «Гулистони саодат»{1965), Н. Орлова «Нури дида» (1967), достони Л. Украинка «Афсонаи куҳан» (1971), повести афсонавии А. Милн «Винни Пух ва дӯстони ӯ»-ро (1980) ба тоҷикӣ гардонидааст. Бо ордени «Нишони фахрӣ»,медал ва Грамотаҳои Президиуми Совети Олии РСС Тоҷикистон мукофотонида шудааст. Аз соли 1965 узви Иттифоқи Нависандагони СССР.
Адабиёт: Писатели Таджикистана, Душанбе. 1986.
А. Бобоҷон.

Инчунин кобед

safol

САФОЛ

САФОЛ, маснуот ва ашёест, ки дар натиҷаи ба ҳам омехтани гилмоя, хамираи минералҳо, оксидҳо ва …