Маълумоти охирин

ХИРМАН

ХИРМАН, харман 1) қитъаи тахту ҳамворест, ки барои кӯфтани зироати ғалладона (гандум, ҷав, ҷуворӣ, арзан, мош ва ғайра) сохтаанд. Пештар деҳқонон ҳосили галлаи ғундоштаашонро дар Xирман бо ёрии гов, аспу хар мекуфтанд ва бод карда, донро аз коҳ ҷудо мекарданд.

NGS Picture ID:620598

Ҳоло хирманҳо бо мошину асбобҳои ғаллакӯбӣ ва ғайра таҷҳизонида шудаанд ва барои кӯфтани ғалла, зағир, юнучқа ва дигар зироати хоҷагии қишлоқ истифода мешаванд. Колхозу совхозҳое, ки 800—1000 га киштзор доранд, хирманҳои калон (дарозиашон 70— 80 м барашон 45—-60 м) месозанд. Хирманро барои ғаллахушконӣ низ истифода мебаранд; 2) тӯда ё чоши ғаллаи нокӯфтаро гуянд; 3) ҷоест, ки пахтаи чидашударо гун карда, мехушконанд.

Инчунин кобед

safol

САФОЛ

САФОЛ, маснуот ва ашёест, ки дар натиҷаи ба ҳам омехтани гилмоя, хамираи минералҳо, оксидҳо ва …