Маълумоти охирин
Главная / Гуногун (страница 92)

Гуногун

ТОЛЬЯТТИ Пальмиро

il_giovane_togliatti

ТОЛЬЯТТИ (Тоgliatti) Пальмиро (тахаллec Эрколи, Альфредо, Марио Корренти, Родериго ва дигарон) (26. 3. 1893, Генуя —21. 8. 1964. Қрим, СССР, дар Рим мадфун аст), ходими ҳаракати коммунистӣ ва коргарии Италия ва байналхалқӣ. Аз оилаи хизматчӣ. Соли 1924 ҳамроҳи Грамши газетаи «Унита»-ро таъсис кард. Соли 1924 Толятти дар Конгресси 5-уми Интернационали …

Муфассал »

ТОЛСТОЙ Лев Николаевич

leo_tolstoy_portrait

ТОЛСТОЙ Лев Николаевич (9. 9. 1826, Ясная Поляна, ҳозира раёни Щёкини вилояти Тула—20. 11. 1910, стансияи Асталовои роҳи оҳани Рязань — Урал, ҳозира стансияи Лев Толстой вилояти Липецк; дар Ясная Поляна мадфун аст), нависалдаи рус. Маълумоти ибтидоиро дар оила гирифт. Соли 1843 ба Қазон омада, таҳти роҳбарии Мирзо Муҳаммадалӣ Козимбек …

Муфассал »

ТОЛСТОЙ Алексей Николаевич

tolstoy-an

ТОЛСТОЙ Алексей Николаевич (10. 1. 1883, шаҳри Николаевск, ҳозира шаҳри Пугачёви вилояти Саратов—23. 2. 1945, Москва), нависандаи советии рус, ходими ҷамъиятӣ, академики Академияи Фанҳои СССР (1939). Аз соли 1905 ба шеъргӯй сар кардааст (маҷмуаи «Лирика», 1907). Толстой аввал моҳияти Револютсияи Октябрро нафаҳмида, соли 1919 ба хориҷа муҳоҷират кард. Вале соли …

Муфассал »

ТОЛСТОВ Сергей Павлович

tolstov-sp

ТОЛСТОВ Сергей Павлович (25. 1. 1907, Петербург—28, 12. 1976, Москва), археолог, этнограф, муаррих ва шарқшиноси советӣ. Доктори илмҳои таърих (1942), профессор (1943),аъзо-коррспонденти Академияи Фанҳои СССР (1953), академики Академияи Фанҳои Ресспубликаи Совети Сотсиалистии Узбакистон. (1956), Ходими Хизматнишондодаи. Илми Ресспубликаи Совети Сотсиалистии Тоҷикистон. (1951), Ресспубликаи Совети Сотсиалистии Узбакистон, Ресспубликаи Автономии Совети Сотсиалистии …

Муфассал »

ТОЛПЫГО Борис Вячеславович

ТОЛПЫГО Борис Вячеславович (17. 1. 1893, ш. Богородское, гӯб. Москва—1937), яке аз иштирокчиёни фаъоли барпо ва мустаҳкам кардани Ҳокимияги Советӣ дар Осиёи Миёна. Аз оилаи коргар. Аъзои Партияи коммунистӣ аз соли 1918. Аз рӯзҳои аввали Револютсияи Кабири  Сосиалистии Октябр ба тарафи революсия гузашт. Соли  1919 комиссари ҳарбӣ дар мавқеи Луга. …

Муфассал »

ТОЛОР

caption

ТОЛОР, 1) сутунҳои рӯ ба рӯи ҳам дуқатора шинонда, бар рӯяшон забаррав ва ходачакашида, ки ба рӯи вай навдаҳои токро мебароранд; 2) хонаи калонест, ки аксар бо тасвироти руидеворӣ, кандакорӣ, сутунҳо оро ёфта, барои қабули меҳмонҳо, гузаронидани маросимҳои пуртантана истифода мешуд.

Муфассал »

ТОЛОБ

tolob

ТОЛОБ, ҷамъшавии оби беҷараён ё шоришаш суст дар пастхамиҳои табиӣ ё сунъии замин. Толоб доимӣ ва муваққатӣ (Толоби муваққатӣ танҳо дар мавсими сербориши сол ба вуҷуд меояд) мешавад. Толобҳо ду навъанд: (аз рӯи миқдори намаки дар об ҳалшуда) шӯр ва ширин. Ба Толоби сунъи обанбор, кӯлҳои сунъӣ ва каналҳо тааллуқ …

Муфассал »

ТОЛМАСОВ Рафоэл Михайлович

tolmasov

ТОЛМАСОВ Рафоэл Михайлович (таваллуд 24. 2. 19)23, Самарқанд), сарояндаи советии тоҷик (баритони лирикӣ – драматикӣ). Артисти Халқии РСС Тоҷикистон. (1968). Аъзои КПСС аз соли 1943. Иштирокчии Ҷанги Бузурги Ватанӣ (1941—45). Техникуми театрии Тошкентро хатм кардааст, Аз соли 1940 ҳунарпешаи Театри давлатии академии опера ва балети тоҷик. Нақши нахустинаш — Нозим …

Муфассал »

ТОЛКУНОВ Лев Николаевич

tolkunov-ln

ТОЛКУНОВ Лев Николаевич (таваллуд 22. 1. 1919, ст. Букраевкаи вилояти Курск), ходими давлатӣ ва партиявии советӣ, номзади илмҳои таърих (1968). Аъзои КПСС аз соли 1943. Мактаби олии партиявии назди Комитети Марказии ВКП(б)-ро хатм кардааст (1946). Солҳои 1938—44, 1946—47, 1951—57 дар «Правда» (ходими адабӣ, мухбири ҳарбӣ ва махсус, ҷонишини муҳаррир ва …

Муфассал »

ТОЛИБОВ Рауф

ТОЛИБОВ Рауф (таваллуд 5. 10. 1930, деҳаи Ғӯлакандози раёни Пролетари вилояти Ленинобод), механизатор, Қаҳрамони Меҳнати Социалистӣ (1966). Аъзои КПСС аз соли 1959. Муаллим, ҳисобчӣ, механизтор, механик (1944 —77) буд. Аз соли 1978 мудири участкаи колхози ба номи В. И. Ленини Нов. Дар ғунучини мошинии пахта саҳм гузошт. Бо ордени Ленин, …

Муфассал »