Маълумоти охирин
Главная / Гуногун (страница 120)

Гуногун

«ТАЗКИРАТ-УШ-ШУАРО» – «Тазкираи Абдӣ»

«ТАЗКИРАТ-УШ-ШУАРО» «Тазкираи Абдӣ», «Тазкират-уш-шуарои мутааххирини Бухоро», тазкираест, ки Абдуллоҳхоҷаи Абдӣ (1870—1922) соли 1904 таълиф кардааст. Аз муқаддима ва 28 мақсад (боб) иборат аст. Дар муқаддима Абдӣ доир ба мавзуъҳои «Фӣ таҳқиқи исми муфтӣ», «Фӣ таҳқиқи исми мӯҳтасиб», «Фӣ таҳқиқи исми олим» ва ғайра баҳс мекунад, ки ба мундариҷаи «Тазкират-уш-шуаро» алоқа …

Муфассал »

«ТАЗКИРАТ-УШ-ШУАРО»

«ТАЗКИРАТ-УШ-ШУАРО» тазкираи Мутрибии Самарқандӣ. Соли 1605 таълиф шудааст. «Тазкират-уш-шуаро» дар бораи 350 шоиру нависанда, олиму фозил ва мухлиси адабиёту санъат, ки дар нимаи дуюми асри 16 ва аввали асри 17 дар Самарқанду Бухоро зиндагӣ ва эҷод кардаанд, маълумот медиҳад. Шоирон дар ин асар мувофиқи тартиби абҷад, аз рӯи исму тахаллусашон …

Муфассал »

«ТАЗКИРАТ-УШ-ШУАРО»

«ТАЗКИРАТ-УШ-ШУАРО» тазкираест, ки Давлатшоҳи Самарқандӣ соли 1487 таълиф кардааст. Бо тамҳиду наът шурӯъ мешавад. Сипас се фасле омадааст, ки дар онҳо оид ба пайдоиши нутқ, мақоми шеъру шоирӣ дар зиндагӣ, ҳасби ҳоли муаллиф сухан рафтааст. Қисми асосии «Тазкират-уш-шуаро» аз муқаддима, ҳафт табақа (боб) ва хотима иборат аст. Муқаддима зикри 10 …

Муфассал »

«ТАЗКИРАТ-УН-НИСО»

«ТАЗКИРАТ-УН-НИСО» тазкираест, ки олим, шоир ва ходими давлатии Афғонистон қозӣ Мулло Муҳаммадсиддиқ Охунзодаи Ҳиравӣ (таваллуд 1867) соли 1904 таълиф кардааст. «Тазкират-ун-нисо» тазкираи умумиест дар шарҳи ҳол ва фаъолияти эҷодии 140 шоираи араб ва форс-тоҷик, ки аз давраҳои қадим то замони таълифи тазкира зистаанд. Баробари маълумоти тарҷумаиҳолӣ муаллиф аз осори шоираҳо …

Муфассал »

«ТАЗКИРАТ-УЛ-ХАВОТИН»

«ТАЗКИРАТ-УЛ-ХАВОТИН» тазкираест, ки ноширу китобфурӯш Муҳаммад ибни Муҳаммадрофеъ Маликулкитоби Шерозӣ соли 1884—85 таълиф кардааст. «Тазкират-ул-хавотин» зикри ҳол ва намунаи ашъорн 286 шоираи оламро (аз Арабу Рум, Ҳинду Аҷам), ки аз асри 7 то замони таълифи китоб зистаанд, дар бар мегирад. Китоб мувофиқи алифбои арабиасоси тоҷикӣ сохта шудааст. Мураттиб ба ғайр …

Муфассал »

«ТАЗКИРАТ – УЛ – МУОСИРИН»

«ТАЗКИРАТ – УЛ – МУОСИРИН» тазкираи мухтасарест, ки шайх Муҳаммадалӣ Ҳазини Лоҳиҷӣ соли 1749 таълиф кардааст. Аз муқаддима ва ду фирқа (боб) иборат аст. Дар фирқаи аввал зикри бист нафар уламо омадааст, ки ба шеър таваҷҷӯҳ доштанд. Фирқаи дуюм шарҳи ҳол ва намунаи эҷодиёти 31 шоирро дар бар мегирад. Ҳамаи …

Муфассал »

«ТАЗКИРАТ-УЛ-АВЛИЁ»

«ТАЗКИРАТ-УЛ-АВЛИЁ» тазкираест, ки Фариддудини Аттор таълиф кардааст. Ба забони тоҷикӣ навишта шудааст. Дар он оид ба 96 нафар машоихи машҳури суфия, мақомот ва аҳволи тасаввуфӣ маълумот ҷамъоварӣ шуда, шатҳиёт ва каромоти суфиён низ зикр шудаанд. Муаллиф аз «Шарҳ-ул-қулуб», «Кашф-ул-асрор» ва «Маъриф-ун-нафс» истифода намудааст. Бино ба таҳқиқоти муҳаққиқони эронӣ, Аттор аз …

Муфассал »

«ТАЗКИРАИ НАСРОБОДӢ»

«ТАЗКИРАИ НАСРОБОДӢ» тазкираест, ки байни солҳои 1672—79 Насрободӣ таъдиф кардааст. То соли 1703 муаллиф ба он баъзе иловаҳо дохил кардааст. Аз муқаддима, панҷ саф (боо) ва хотима иборат аст. Дар муқаддима зикри шоҳону шоҳзодагон омадааст. Сафи аввал дар се фирқа аст: фирқаи аввал дар зикри муқаррабон ва умарои Эрон; фирқаи …

Муфассал »

ТАГАС

angur

ТАГАС, тагаск, шохчаи хӯшаи ангурро гӯянд, ки баъди чида гирифтани ангур ё мавиз боқӣ мемонад.

Муфассал »