Маълумоти охирин
Главная / Гуногун / «ТАЗКИРАТ-УШ-ШУАРО»

«ТАЗКИРАТ-УШ-ШУАРО»

«ТАЗКИРАТ-УШ-ШУАРО» тазкираест, ки Давлатшоҳи Самарқандӣ соли 1487 таълиф кардааст. Бо тамҳиду наът шурӯъ мешавад. Сипас се фасле омадааст, ки дар онҳо оид ба пайдоиши нутқ, мақоми шеъру шоирӣ дар зиндагӣ, ҳасби ҳоли муаллиф сухан рафтааст. Қисми асосии «Тазкират-уш-шуаро» аз муқаддима, ҳафт табақа (боб) ва хотима иборат аст. Муқаддима зикри 10 нафар шоирони тоисломии араб, хотима зикри ҳолоти шаш тан аз муосирони Давлатшоҳи Самарқандиро дар бар мегирад. Ҳамагӣ дар «Тазкират-уш-шуаро» оид ба 151 нафар шуарои асрҳои 13—15 форс-тоҷик, араб ва турк маълумоти адабӣ ва таърихӣ ҷо дошта, аз осори онҳо намунаҳо иқтибос шудааст. Давлатшоҳи Самарқандӣ ҳангоми таълифи «Тазкират-уш-шуаро» аз таърихҳои мӯътабар, девонҳои устодони гузаштаву муосиронаш, рисолаву китобҳои гуногун истифода бурдааст. Аз ин ҷиҳат «Тазкират-уш-шуаро» дар омӯзиши адабиёт ва таърихи мардуми форс-тоҷик, араб ва турк, сарфи назар аа баъзе нуқсонҳо, дар овардани санадҳои таърихӣ ва адабӣ, ки ба он нуқсонҳо олимон Маликушшуарои Баҳор, Е. Э. Бертелс ва дигарон ишора намудаанд. сарчашмаи муфид буда, аҳамияти калони адабӣ ва таърихӣ дорад. «Тазкират-уш-шуаро» манбаи пурбаҳои осори эстетикии мардуми тоҷик низ мебошад. Давлатшоҳи Самарқандӣ зимни баёни ҳол ва эҷодиёти як силсила шоирон оид ба шеъру шоирии онҳо баъзе қайду ишораҳо намудааст ва мо маҳз ба туфайли онҳо аз таълимоти адабӣ ва завқи бадеии даври у равшантар воқиф мегардем. Махсусан, ақоиди Давлатшоҳи Самарқандӣ дар бораи қасидаи «Бӯи ҷӯи Мӯлиён»-и Рӯдакӣ ҷолиби диққатанд. Давлатшоҳи Самарқандӣ баръакси гуфтаи «уқалои давр», ки шеъри Рӯдакиро «назмест содда ва аз саноеу бадоеу матонат орӣ» меномиданд, кӯшиш намудааст, ки дурустии ривояти таърихиро роҷеъ ба «Бӯи ҷӯи Мӯлиён» собит ва қимати бадеии онро муайян намояд. Давлатшоҳи Самарқандӣ санъати бадеиро дар шеър инкор накарда, шеърро танҳо аз санъат ҳам иборат намедонад. Ба гуфтаи ӯ, шеър бояд «соф ва равон… ва ба табоеъ наздик», «маҳкам ва пурмаонӣ» буда, дар он «эъҷозу фасоҳат ва балоғат марғубу матлуб» бошад. Давлатшоҳи Самарқандӣ ин навъи шеърро «ашъори дилпазир ва латиф» монамад ва аз ҳамин назар ба эҷодиёти Фирдавсӣ, Манучеҳрӣ, Анварӣ, Адиб Собири Тирмизӣ, Ҳасани Деҳлавӣ, Хусрави Деҳлавӣ, Камоли Хуҷандӣ ва дигарон баҳои сазовор додааст.
«Тазкират-уш-шуаро» ба забони англиси (Вена, 1818, ба эҳтимоми Ҳаммер-Пургштал) ва туркӣ (Истанбул, 1843, бо номи «Сафинат-уш-шуаро», мутарҷим Сулаймони Фаҳмӣ) тарҷума шуд. «Тазкират-уш-шуаро» дар Бамбай (1887), Лондон (1900), Теҳрон (1958) ба табъ расидааст.
Адабиёт: Сатторов А., Ақидаҳои адабӣ ва бадеии Давлатшоҳи Самарқандӣ, дар маҷмуъ: Образ ва махорати бадеӣ, Душанбе, 1980;
А. Сатторов.

Инчунин кобед

safol

САФОЛ

САФОЛ, маснуот ва ашёест, ки дар натиҷаи ба ҳам омехтани гилмоя, хамираи минералҳо, оксидҳо ва …