Маълумоти охирин
Главная / Гуногун / ФАСЕҲӢ Мулло Абдуназар Бухороӣ

ФАСЕҲӢ Мулло Абдуназар Бухороӣ

ФАСЕҲӢ Мулло Абдуназар ибни Мулло Ҷӯрабои Бухороӣ (соли таваллуд номаълум — вафот 1895), шоири тоҷик. Пас аз хатми таҳсил ба хидмати дарбор роҳ ёфт. Ашъораш аз мухаммасот, мусалласот (дар пайравии Мушфиқӣ) ва мусаддасот иборат аст. Девонаш таҳти рақами 1451/1 дар Ганҷинаи дастнависҳои шарқии Институти шарқшиносии Академияи Фанҳои РСС Тоҷикистон маҳфуз аст. Бисер шеърҳояш дар баёзҳо ба назар марасанд. Мавзӯи ашъораш ишқ, тавсифи табиат, танқиди зулму ситам аст. Ин матлаъ аз ӯст:
Ақл хохад гашт ваҳшӣ, чашми оҳу дорад ӯ.
Чун нагардад дил парешон, ҷаъди гесӯ дорад ӯ.
Адабиёт:

Инчунин кобед

safol

САФОЛ

САФОЛ, маснуот ва ашёест, ки дар натиҷаи ба ҳам омехтани гилмоя, хамираи минералҳо, оксидҳо ва …