Маълумоти охирин

Хабарҳои охирин

МОРИОН

morion

МОРИОН (нем. Morion; аз лот. mormorion — кристалли тираранг), як навъи кварц, ранги кристаллҳояш тираи дудмонанд, қариб сиёҳ. Ҳангоми то 250—300° С тафсонидан беранг мешавад. Мори чипор берангро дар техника ҳамчун кристаллҳои кварц истифода мебаранд. Морион дар рагҳои гидротермалӣ, пегматитҳои гранити ва грейзенҳо вомехӯрад. Конҳои он дар Урал, Украина. Забанкалия …

Муфассал »

МОРИ ЧИПОР

mori-chipor

МОРИ ЧИПОР (Coluber), як ҷинси морро гӯянд, ки ба оилаи Colubridae мансуб аст. Дар Европаи Ғарбӣ, Осиё, Африкаи Шимолӣ ва Шарқӣ, Америкаи Шимолӣ ва Марказӣ қариб 30 намудаш зиндагӣ мекунад. Дар СССР 7 намуди он дар қисми ҷануби Европа Қрим ва қисми асосии Кавказ), Осиёи Миёна ва Қазоқистон маскун шудааст. …

Муфассал »

МОРИ ПЕЧОН

mori-pechon

МОРИ ПЕЧОН (Boidae), як оилаи хазандаҳои безаҳрро гӯянд, ки ба қатори морҳо мансуб аст. Дарозиаш аз 5 см то 11 м. Мушакҳои танааш хеле пурқувват, гавҳараки чашмаш амудӣ. Аксари М. П; ду шуш дорад. Устухони кос ва пойҳои қафояш чун узви рудиментй (узвҳое, ки дар процесси инкишофи таърихӣ функцияи худро …

Муфассал »

МОРИ ОБӢ

mori-obi

МОРИ ОБӢ (Natrix), як ҷинси морро гӯянд, ки ба оилаи Colubridae, мансуб аст. Қариб 60 намудаш маълум аст. Бештар дар Нимкураи шарқӣ, Австралия, Африкаи Ҷанубӣ ва Тропикӣ дар СССР (4 намуд) маскун шудааст. Дар Тоҷикистон як намуди он (N. tessellata; ниг. расм) зиндагӣ мекунад. Дарозии N. tessellata 80—150 см. Ранги …

Муфассал »

МОРИ АФЪӢ

mori-afi

МОРИ АФЪӢ (Echis), эфа, афъӣ, як ҷинси морро гӯянд, ки ба оилаи Viperidae мансуб аст. Ду намуди Мори аъфӣ маълум аст: Мори аъфии чипор (Е. coloratus), ки дар нимҷазираи Арабистон. Миср, Фаластин ва Мори аъфӣ аъфии регӣ (Е. carinatus), ки дар Африкаи Шимолӣ, Шарқӣ ва Ғарбӣ, Осиёи Ҷанубӣ ва Ғарбӣ …

Муфассал »