Маълумоти охирин
Главная / Биология / МОРИ АФЪӢ

МОРИ АФЪӢ

mori-afiМОРИ АФЪӢ (Echis), эфа, афъӣ, як ҷинси морро гӯянд, ки ба оилаи Viperidae мансуб аст. Ду намуди Мори аъфӣ маълум аст: Мори аъфии чипор (Е. coloratus), ки дар нимҷазираи Арабистон. Миср, Фаластин ва Мори аъфӣ аъфии регӣ (Е. carinatus), ки дар Африкаи Шимолӣ, Шарқӣ ва Ғарбӣ, Осиёи Ҷанубӣ ва Ғарбӣ вомехӯрад. Дар СССР Мори аъфӣ аъфии регӣ (ниг. расм) дар Тоҷикистони Ҷанубӣ Ғарбӣ, Туркманистон, Ӯзбекистони Ҷанубӣ зиндагӣ мекунад. Дарозиаш 50—57 см. Сараш бо пулакчаҳои майдаи нуқратоб пӯшида шуда, рангаш хокистарии регӣ аст. Одатан дар хомаҳои peг, саҳроҳои зардхоку гилдор, буттазорҳо, харобазорҳо ва ғ. зиндагӣ мекунад. Дар моҳҳои июль — август насл мегузорад, аз моҳи октябр cap карда дар зимистон гоҳ қарор мегирад. Хӯроки Мори аъфӣ хояндаҳои хурд, калтакалос, парранда ва қурбоққа мебошанд. Заҳри Мори аъфӣ барои ҳайвонҳои хурд (муши хонагӣ ва ғ.) марговар аст. Аз заҳри Мори аъфӣ доруҳои гуногун тайёр мекунанд.

Ад.: Чернов С. А., Фауна Таджикской ССР, т. 18, Пресмыкающиеся, Д., 1959.

С. А. Саидалиев.

Инчунин кобед

saba

САЪБА

САЪБА, номи ду намуди паррандаест аз қатори гунҷишкҳо. Дарозии танаш 12 сантиметр, қисми пеши сараш …