Маълумоти охирин

САЯН

САЯН (кӯҳҳои Саян), кишвари кӯҳиест, ки дар қисмҳои ҷанубии кишвари Красноярск ва вилояти Иркутск, қисми шимолии Республикаи Автономии Советии Сотсиалистии Тува ва қисми ғар- бии Республикаи Автономии Советии Сотсиалистии Бурятия воқеъ гаштааст. Аз кӯҳҳои Олтои Шарқӣ, қаторкӯҳи Абакан ва Олатови Кузнеск (дар Ғарб) то кӯли Байкал (дар Шарқ) тӯл кашидааст. Якчанд қаторкӯҳҳои мувозӣ ва самтҳояшон гуногунро дар бар мегирад. Дар байни қаторкӯҳҳо чандин хамиҳои сарбаста ҷой гирифтаанд. Баландии қаторкӯҳҳо дар шимол 500 метр, дар канорҳои ҷанубии кишвар 900 метр, дар маркази он 2500—3000 метр ва аз ин ҳам бештар аст (дар массиви Мунку Сардик—3491 метр). Саян аз ҷиҳати орографӣ ба ду системаи кӯҳӣ — Саяни Ғарбӣ ва Саяни Шарқӣ тақсим мешавад. Саяни Ғарбӣ дар ҷануби кишвари Красноярск ва Республикаи Автономии Советии Сотсиалистии Тула воқеъ гашта, аз болооби дарёи Малый Абакан (шарқтари кӯли Телес) то пайвандгоҳи кӯҳҳои Саяни Шарқӣ (дар саргаҳи дарёҳои Казыр ва Уда) ба масофаи тақрибан 650 километр тул кашидааст. Саяни Шарқи дар ҷануби кишвари Красноярск дар вилояти Иркутск, қисми ғарбии Республикаи Автономии Советии Сотсиалистии Бурятия ва қисми шимоли шарқии Республикаи Автономии Советии Сотсиалистии Тува ҷойгир шудааст.
Дар Саян кварсити оҳандор, маъданҳои оҳану мис, тилло, графит, асбест, абрақ ва сарватҳои дигари зеризаминӣ мавҷуданд. Чашмаҳои минералӣ низ бисёранд. Иқлими Саян ниҳоят континентӣ. Зимистонаш дароз ва хеле хунук.
Дарёҳояш ба ҳавзаи дарёи Енисей мансубанд. Калонтарини онҳо — Енисей, Абакан, Туба, Мана, Кан (бо Агул). Олами ҳайвоноти Саян: заргӯш, санҷоб, рӯбоҳ, гавазн, хирси бур, холгул; паррандаҳояш дурроҷ, чилмурғ, эзорсурхак ва ғайра. Дарёҳон Саян моҳиҳои гуногун доранд.

Инчунин кобед

Деҳаи САҒИРДАШТ

САҒИРДАШТ, деҳаест дар райони Қалъаихуми Вилояти Автономии Бадахшони Кӯҳӣ, маркази Совети қишлоқи Сағирдашт. Территорияи совхози …