Маълумоти охирин
Главная / Илм / МОРИ ОБӢ

МОРИ ОБӢ

mori-obiМОРИ ОБӢ (Natrix), як ҷинси морро гӯянд, ки ба оилаи Colubridae, мансуб аст. Қариб 60 намудаш маълум аст. Бештар дар Нимкураи шарқӣ, Австралия, Африкаи Ҷанубӣ ва Тропикӣ дар СССР (4 намуд) маскун шудааст. Дар Тоҷикистон як намуди он (N. tessellata; ниг. расм) зиндагӣ мекунад. Дарозии N. tessellata 80—150 см. Ранги пӯсташ зарди кабудтоб ё бӯр буда, холҳои сиёҳтоб ё хатҳои кундаланг дорад. Дар пушти сараш холи сиёҳтоб ба шакли ҳарфи лотинӣ V намудор аст. Дар шароити Тоҷикистон Мори обӣ дар баландии 300—2800 м аз соҳили баҳр, бештар дар назди обанборҳо, тукайҳо ва заминҳои обӣ дучор мешавад. Мори обӣ хуб шино мекунад ва зери об муддати зиёд истода метавонад. Хӯрокаш моҳиҳои хурди гуногун ва обхокиҳо мебошанд. Аз моҳҳои март — апрел то октябр— ноябр хеле фаъол мешавад. Дар давраи ҷуфтшавӣ (март — апрел) даҳҳо Мори обӣ ҷамъ мешаванд. Мори обӣ дар июль — август тухм мегузорад. Дар баъзе чойҳо ба моҳипарварӣ ва хоҷагии моҳидорӣ зарар мерасонад. Заҳр надорад.

Ад.: Чернов С. А., Фауна Таджикской ССР, т. 18, Пресмыкающиеся, Д., 1959.

С. А. Саидалиев.

Инчунин кобед

САХАРИМЕТРИЯ

САХАРИМЕТРИЯ (аз русӣ сахар —қанд ва …метрия), усулест, ки ба воситаи он ғилзати маҳлули моддаҳои …